Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан
  1. хондам хондем
  2. хондӣ хондед
  3. хонд(о) хонданд

Шеваҳои ҷанубӣ. Муҳаққиқон ин шеваҳоро аз рўйи хусусиятҳои луғавӣ, дастурӣ ва савтӣ ба 4 гурўҳ ҷудо намудаанд: лаҳҷаҳои қаротегинӣ, кўлобӣ, роғӣ ва бадахшонӣ.
Шеваҳои ҷанубӣ-шарқӣ. Р.Л.Неменова гурўҳҳои зерини онро тавсия мекунад: а) шеваи деҳаи Жорф; б) шеваи деҳаҳои Курговат, Пошхарв; в) шеваи деҳаҳои Умурак, Зинг; г) шеваи Сед (деҳаи Сангевидароз, Дуробак, Паткинов). Расторгуева В.С. соли 1960 чунин хусусиятҳои умумии ин шеваҳоро номбар кардааст: 1. Навъи махсуси садонокҳои қатори ақиб (ъ, у:, у). 2. Ҳамсадои ع ба овози ҳ иваз мешавад: соҳат, ҳилм. 3. Пешванди феълии ме- ба интиҳо ва ё аввали шакли замони ҳозира-оянда меояд:
гардаме//мегарда.
Шеваҳои марказӣ (саргаҳи Зарафшон) чунин шеваҳоро дар бар мегирад: 1.Шеваи Мастчоҳ (Мастчоҳи Боло, Мастчоҳи Поён).
Хусусиятҳои фарқкунандаи ин шеваҳо: 1) истеъмоли садонокҳои қатори миёнаи у, е, а, о, и, ӣ; 2) мавҷуд будани ҳамсадоҳои z, ع ; 3) камистеъмолии ибораҳои феълӣ ва таркибҳои сифати феълию масдарӣ; мавҷудияти пасоянди -ра//-а; истифодаи пешоянди ба ва пасоянди -анда. 2. Шеваи Фалғар (Урметан, Дардар, Рарз, Мадм). Баъзе хусусиятҳои ин шеваҳо ба шеваҳои Мастчоҳ қаробат доранд: 1) навъи марказии садонокҳо; 2) мавҷуд будани ҳамсадоҳои ҳалқии z, ع ; 3) истеъмоли пешоянди ба ва шакли архаистии сифати феълӣ (меравам-у дўхт). Аз шеваҳои Мастчоҳ бо истеъмоли навъи шимолии системаи феъл фарқ мекунад (дар ин шева шакли эҳтимолии феъл вуҷуд дорад).
Шеваҳои шимолии забони тоҷикӣ. Гурўҳи шеваҳое, ки натанҳо гўйишҳои маҳаллии тоҷикии Тоҷикистонро,балки фарогири гўйишҳоест, ки дар Ўзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон густариш дорад. Оғозгоҳи ин гўйиш мавзеъву минтақаҳои тоҷикнишини водии Фарғона буда,

пешина
аз 389
навбатӣ