Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Шаклҳои нутқ. 1. Намудҳои нутқ, ки аз ҷиҳати воситаҳои зоҳирии ифодаи мақсад фарқ мекунанд: шакли хатти нутқ (нутқе, ки бо хат ифода ёфтааст), шакли шифоҳии нутқ (нутқи шифоҳӣ). 2. Намудҳои гуногуни услубии нутқ,ки аз рўйи риояи меъёри забони адабӣ фарқ мекунанд: нутқи хаттӣ (нутқе, ки дар он меъёрҳои забон ба таври қатъ ва комилан риоя карда мешаванд, нутқи шифоҳӣ (нутқе, ки ба меъёри забони адабӣ озодона муносибат дорад).
Шаклҳои сунплетивӣ. Шакли як маънои грамматикӣ (мас., категорияи шумораи исмҳо, дараҷаҳои сифат ё маъноҳои грамматикии феълҳо), ки дар реша ё асоси калимаҳои дигар дида мешавад: бача – писарон: кўдак – бачагон; сифат: хуб-беҳ, феъл: бин-дид, пагоҳ-фардо, дина-дирўз.
Шаклҳои феълӣ. Ҳамаи шаклҳои мавҷудаи феъл,ки вобаста ба сиғаҳо, замонҳо, мутлақу давомдорӣ, бавоситаю бевосита истифода мешаванд.
Шаклсозӣ – эҷоди шаклҳои грамматикии калима. Муқобили калимасозӣ ҳамчун таносубе, ки шаклҳои як калимаро («миз» – «мизро», «мегўям» – «гуфт») алоқаманд мекунад.
Шарҳ. Асар ё рисолае, ки дар тафсиру эзоҳи ягон асари бадеӣ ё илмӣ эҷод мешавад. Шарҳнависӣ таърихи қадим дорад. Дар замони Сосониён Авесто тарҷума ва тафсир карда шуд, ки он Занд ном дошт. Шарҳҳои зиёде дар асрҳои 10-20 аз тарафи шахсони гуногун таълиф ёфтаанд.
Масалан, Сироҷиддин Алихони Орзу (а. 18) ба «Искандарнома»-и Низомӣ бо номи «Шукуфаи роз», ба қасоиди Урфии Шерозӣ бо номи «Шарҳи қасоиди Урфӣ», ба «Гулистон»-и Саъдӣ бо номи «Хиёбони Гулистон» навишта шудаанд.
Шахс дар феъл. Категорияи грамматикии феъл, ки муносибати амалу ҳолат ва иҷрокунандаи онро нисбат ба гўянда ифода мекунад. феъл дорои се шахс аст: шахси якум (гўянда): гуфтам, шахси дуюм (шунаванда):
гуфтӣ, шахси сеюм (ғоиб): гуфт. Шаклҳои танҳою ҷамъи феълҳо бо ёрии бандакҳои феълию хабарӣ тасриф мешаванд:

пешина
аз 389
навбатӣ