Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

лойхўрак, кирме, ки дар қабати лой вуҷуд дораду лой мехўрад; сўзанак – ҳашароте, ки ишками чун сўзан борик дорад.
Шакли инкорӣ. Шакле, ки хоси феъл буда, ба воситаи пешванди шаклсози на- (ма-) ифода меёбад: нарав,марав. Шакли инкории сифатҳои феълӣ бо ёрии пешванди но- ифода меёбад: нохонда, нодида, ногуфта.
Шакли кўтоҳшуда. Шакли ихтисоршудаи калима, таркиб ё ибораю ҷумла, ҳаст -аст: ў ин ҷо хонданӣ аст; ў ин ҷо хонданист, к-ин, в-ин (бештар дар шеър).
Шакли номии феъл. Шаклҳои тасрифнашавандаи феъл,ки дар ифодаи онҳо амалу ҳолат предметонида мешавад (масдар) ва ё ҳолату хусусияти предметро ифода мекунанд (сифати феълӣ ва феъли ҳол).
Шакли предикативии феъл. Шаклҳои тасрифшавандаи феъл, ки дар ҷумла ба вазифаи хабар омада, ба шахсу шумора, замон ва сиға далолат мекунанд.
Шакли рехта. 1. Як роҳи ифодаи маънои грамматикӣ,ки хоси калимаҳои решагист: санг – исми ҷинс, танҳо, муайян; ақл – исми ҷинс, танҳо, абстракт. 2. Шакли аслии калима, ки ба ҳиссаҳои ҷудогонаи маънодор, яъне морфемаҳо тақсим намешавад.
Шакли синтетикӣ (юн. sunthetikos – ҳамроҳшавӣ, якшавӣ). Шакли содаи калима, ки бо ҳамроҳ шудани асос ва вандҳои шаклсоз сохта мешавад: шакли синтетикӣ (таркибии) сифати дараҷаи қиёсӣ: ҷавонтар; дараҷаи олӣ: ҷавонтарин. Шакли синтетики замони ояндаи феъл:
меравам, мегўям, мехонам.
Шакли тасрифнашавандаи феъл. Феълҳои тасрифнашавандае (масдар, сифати феълӣ ва феъли ҳол), ки аз асосҳои феълӣ ба вуҷуд омада, шахсу шумора надоранд.
Шакли флективӣ. Як навъи ифодаи маънои грамматикӣ, ки дар натиҷаи флексияи дохилии калима пайдо мешавад. Чунин тарзи ифода хоси забонҳои сомист: мисолҳо – амсол, хурдҳо – акрод, мактабҳо – макотиб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор