Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ш
Шакл дар забоншиносӣ – 1) ҷиҳати зоҳирии забон, ки бо дарки шунавоӣ (ё биноӣ) алоқаманд аст. Истилоҳи шакл мутобиқи истилоҳи «ифода»-и Ф. де Соссюр ё «тарҳи ифода»-и Л.Елмслев буда, воситаҳои моддаеро ифода мекунад,ки барои баёни ахбори забонӣ хизмат мекунанд.
Шакли атрибутивии феъл. Шаклҳои тасрифнашавандаи феъл, ки дар ҷумла ба вазифаи муайянкунанда ва ҳол (ҳолитарзи амал) меоянд: сифати феълӣ ва феъли ҳол.
Шакли ғайрисинтаксисӣ. Калимаҳои наве, ки дар асоси морфологӣ бо пешванду пасвандҳо ба вуҷуд меоянд: а) бо пасвандҳо: панҷа, поя, сўзанӣ, оҳангар, гулистон, соягӣ; б) бо пешвандҳо: ҳамсоя, боақл, фуромадан, торафт, дартоз, дархост, беист. Калимаҳои мураккаб низ шакли синтаксисианд: а) бе пешванду пасванд: пешқадам, модаркалон, додарарўс; б) бо миёнванд (инфикс): гуфтугў, шустушў, даводав.
Шакли грамматикӣ. Восита ва тарзҳои ифодаи маъноии грамматикӣ. Масалан, шакли исмҳо бо ёрии пасвандҳои ҷамъбандии –ҳо,
-он (-ён, -вон, -гон) ифода меёбад. Маъноҳои грамматикӣ бештар бо воҳидҳои грамматикӣ (пешванду пасвандҳо), шаклҳои грамматикӣ ва воҳидҳои луғавӣ ифода меёбанд. Масалан, феълҳои меравам, хоҳам рафт шаклҳои гуногуни замони ояндаи сиғаи хабарӣ мебошанд. Феъли рафтам шакли замони гузаштаи наздики сиғаи хабарӣ буда, феъли рафтааст шакли нақлии сиғаи хабарист. Ҳар як ҳиссаи мустақили нутқ шакли грамматикии ба худ хос дорад. Баъзе шаклҳои гуногуни грамматикӣ барои ифодаи як маънои грамматикӣ хизмат мекунанд. Масалан, капкалон (ҷудо калон) барои таъкиди сифат, дав-давон (давида-давида) барои ифодаи давомдорӣ, такрори амал, бисёркаратии феъли ҳол кор фармуда мешаванд.
Шакли дохилии калима. Сохтори маъноии калима: таркиби морфологии калима, ки овозҳои он ба маънои мушаххасаш алоқаманд аст: таркиби овозии калима моҳияти семантикии онро ифода мекунад:

пешина
аз 389
навбатӣ