Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Ҷумлаҳои содаи дутаркиба. Ҷумлаи содае, ки дорои ҳар ду сараъзост (мубтадо ва хабар): Пешхизмат чолокона аз бом фуромада, пас аз як соат боз омад ва коғазеро ба дасти сардор дод (С.А.). Ҷумлаи содаи дутаркиба дар навбати худ ду хел мешавад: хуллас ва тафсилӣ. Ҷумлаи содаи хуллас танҳо аз сараъзо иборат аст: Ҳама хомўш (Ф.М.). Роҳ дур буд (Р.Ҷ.).
Ҷумлаи содаи тафсилӣ ба ғайр азсараъзо дорои ин ё он аъзои пайрав аст:
Ҷалол Икромӣ китобҳои хушсифат навиштаанд (Ф.Н.).
Ҷумлаҳои содаи яктаркиба. Ҷумлаҳое, ки дар онҳо аз сараъзоҳо танҳо яке иштирок дорад. Ин гуна ҷумлаҳо дар шакли хулласу тафсилӣ истифода мешаванд. Ҷумлаҳои содаи яктаркиба ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд:ҷумлаҳои яктаркибаи феълӣ ва номӣ. Ҷумлаҳои яктаркибаи феълӣ муайяншахс, номуайяншахс ва бешахс мешаванд. Ин ҷумлаҳо аз рўйи ифодаи маъно, таркиб, иштироки аъзоҳои пайрав ва махсусан ифодаи хабари ҷумла аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Масалан, ҷумлаҳои содаи яктаркибаи муайяншахс ба мисли ҷумлаҳои содаи дутаркиба аз ҳисоби аъзоҳои пайрав тафсил ёбад, ин ҳолат дар ҷумлаҳои яктаркибаи бешахс камтар мушоҳида мешавад.
Ҷумлаҳои яктаркибаи феълӣ. Ҷумлаҳое, ки дар онҳо шахси соҳибамал ба тарзи гуногун зоҳир мегардад. Дар чунин ҷумлаҳо соҳиби амалу ҳолат дар мақоми мубтадо бо калима ё ибора ифода наёфта бошад ҳам, дар як маврид бо ёрии бандакҳои феълӣ ифода меёбад, вале шахси он гоҳе воқеист (муайяншахс), гоҳе ғайривоқеист (номуайяншахс ва умумишахс), дар мавриди дигар хабари ҷумла аз ин имконот тамоман маҳрум мемонад (бешахс). Бинобар ин ҷумлаҳои содаи яктаркибаи хабариро аз ҷиҳати муносибати амалу ҳолат ва аломат нисбат ба соҳиби он ва дараҷаи зоҳиршавии шахси соҳиби амалу ҳолат ба чор хел ҷудо мекунанд: муайяншахс, номуайяншахс, умумишахс ва бешахс.
Модарам суханҳои пеш аз ин даҳҳо бор гуфтаашро такрор мекард, аммо ҳар дафъа тавре такрор мекард, ки гўё ба духтарча дар бораи модари вай аввалин бор гап зада истода бошад (С.У.).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор