Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ҷумлаҳои мураккаби тобеи сертаркиб. Ҷумлаҳое, ки аз се зиёда ҷузъҳоро дар бар гирифтаанд. Чунин ҷумлаҳо то ҳашт ҷузъ ва шояд аз онҳо ҳам зиёдтарро дар бар гиранд, вале дар ин сурат муносибати маъноии ҷумлаҳо хеле гуногун ва мураккабу мушкилфаҳм мегардад.
Ҷумлаҳои мураккаби тобеи сертаркибро аз лиҳози сохту таркиб ва муносибати ҷумлаҳои пайрав ба сарҷумла ба ду гурўҳ: ҳампайрав ва пай дар пай ё дараҷагӣ ҷудо мекунанд. Дар ҷумлаи мураккаби тобеи сертаркиби зерин ба сарҷумла танҳо як ҷумлаи пайрав ва ҷумлаҳои пайрави дигар силсилавор ба ҷумлаи пайрави пешомада тобеъ шуда, ҷумлаи мураккаби тобеи сертаркиби пайдарпай ё дараҷагӣ сохтаанд:
Қиссаи душвори худ пеши ту гуфтан мушкил аст:
Мушкиле дорам, намедонам, чӣ сон гўям туро (Ҳилолӣ).
Дар ин мисол мисраи якум (қиссаи душвори худ пеши ту гуфтан мушкил аст) сарҷумла буда, ҷумлаи пайрави сабаби (Чаро?) мушкиле дорам ба сарҷумла, ҷумлаи пайрави муайянкунандаи (кадом мушкил?) намедонам ба ҷумлаи пайрави сабаб ва ҷумлаи пайрави пуркунандаи (Чиро?) чӣ сон гўям туро ба ҷумлаи пайрави муайянкунанда алоқаманд шудааст.
Ҷумлаҳои мўътариза. Ҷумлаҳое, ки ба мазмуни ҷумлаи асосӣ ва ё ягон аъзои он маълумоти иловагӣ медиҳад. Ин ҷумлаҳо нисбатан мустақил буда, бо қафсайн ва ё тире ҷудо карда мешаванд: Дар токчаи байни ду таҳмон даҳ-дувоздаҳ ҷилд китобҳои кўҳнаи модарам ва як қуттии ў ҷой гирифта буданд (Модарам дар он қуттӣ ресмон ва коғазҳои худро нигоҳ медошт (С.У.). Вобаста ба воситаҳои алоқа ҷумлаҳои мўътариза муносибати атрибутивӣ (Рўзе аз рўзҳои тобистон ман аз боғ ба қалъаҳавлиамон (хонаи дар қишлоқ будаи мо ҳамин тавр номида мешуд) барои аз модаркалонам хабар гирифтан омадам (С.У.) Муносибати сабабӣ. Махдуме, ки аввали ин ҳикояро нашунида буд (ў дар ошхона андармон буд), маро ба дубора нақл намудани ин воқеа маҷбур намуд
(С.У.).

пешина
аз 389
навбатӣ