Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ҳамзамонӣ. Дар ин гурўҳ ҷумлаҳо ҳодисаву воқеаҳои ҷумлаҳои сода дар як вақт рўй додаанд, бинобар он баъзан ҷойи ҷумлаҳоро ҳам иваз кардан мумкин аст: Бандҳои дастони латифи ў ҳанўз дар дастам буданд, дастони ман меларзиданд ва дастони нарм ва нозуки ў ҳам аз дастони ман камтар намеларзиданд (С.А.). Муносибати паиҳамзамонӣ. Дар ин навъ ҷумлаҳо воқеаву ҳодиса пасиҳам рўй медиҳанд: Ба одати муқаррарӣ як рўз пагоҳонӣ нахўдшўрбо овардам, хўрдем ва ҷавону духтар маро ҳамроҳ гирифта буданд, баъд ҷавон аз ҷўй гузашта даст боло кард, як машина омада истод (С.У.). Дар байни қисмҳои ҷумлаи мураккаби пайваст чунин муносибатҳо вуҷуд дошта метавонанд: 1. Пайдарҳамӣ. Амалу ҳолатҳои гуногуне,ки бо ҳамдигар муносибати ҳамзамонӣ, паиҳамзамонӣ, сабабу натиҷавӣ дошта метавонанд, дар як ҷумлаи мураккаб меоянд: Ман самоворро ба даст гирифтам ва Саидакбар як китоби худро бо нўги остинаш олуфтаворона гирифт (С.А.). 2. Ҷудоӣ: Ё тир кафад, ё ҷувоз. 3.
Хилофӣ: Боз маро рост карда шинонданӣ шуданд, лекин ба ман ёрои нишастан намонда буд (С.А.).
Ҷумлаҳои мураккаби пайвасти сертаркиб. Ҷумлаҳое, ки аз се зиёда ҷумлаҳои содаро дар бар гирифта, тафсил меёбанд, яъне сертаркиб мешаванд: Ба ман шарбат рехта дод, худаш нўшид ва нону гўшт хўрдем; Он шахс маро ба як асп шинонда, худаш ба аспи дигар нишаст ва чизе ногуфта ба як тараф тохтанд (Чор дарвеш).
Ҷумлаҳои мураккаби пайвасти хилофӣ. Ҷумлаҳои содаи таркиби ҷумлаҳои пайвасти хилофӣ бо ёрии пайвандакҳои аммо, вале, лекин, валекин, балки, вагарна, ҳол он ки, бошад, набошад ва воситаҳои калимаҳои модалӣ, туфайлӣ, оҳанг, ҳиссачаҳо, калимаҳои модалӣ, туфайлӣ алоқаманд мешаванд. Дар ифодаи муносибати хилофӣ ва муқобилгузорӣ пайвандакҳои аммо, лекин, вале бо ҳамдигар ҳаммаъно буда, чун муродиф ҳамдигарро иваз карда метавонанд ва танҳо услубан фарқ мекунанд. Масалан, пайвандаки вале хоси услуби китобист: Чароғи хона хомўш шуда буду аммо аз дарун овози зан ба гўш мерасид (Р.Ҷ.); Модарам моро намедид, лекин ман аз вай чашм намекандам (С.У.).

пешина
аз 389
навбатӣ