Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Ҷумлаҳои мураккаби пайвасти бепайвандаки паиҳам. Дар ин ҷумлаҳо ҳодисаю воқеаҳо пай дар пай рўй медиҳанд. Дар онҳо тасвири манзараҳои табиату муҳити зист, муносибати гуногуни байни одамон.
Ифода мегардад: Сари баъзеашон бо рўймолҳои чиркин бастагӣ, куртаю ҷомаҳои аксарашон даридагӣ буд (С.У.). Амалу ҳолати хабарҳои таркиби ҷумлаҳои мураккаби пайвасти бепайвандак дар як вақт воқеъ мегарданд:
Созандаҳо доира зада, хониш карда мерақсиданд, кайвониҳо дастурхон мепартофтанд (Ҷ.И.). Дар ин навъ ҷумлаҳо муносибатҳои паиҳамзамонӣ, сабабу натиҷа, қиёсию хилофӣ ва эзоҳӣ ифода меёбанд: Ў қади баланд, бадани лоғар, чеҳраи гандумгун,риши миёнаи на он қадар сафед ва абрўҳои баланди дарозмў дошт (С.А.).
Ҷумлаҳои мураккаби пайвасти ҷудоӣ. Дар чунин ҷумлаҳо аз ҳодисаю воқеаҳои ифодаёфта ба амал омадани яке имконпазир аст: Ин ҳол боз якду рўзи дигар давом хоҳад кард, дар ин миён ё ман дар таги қин хоҳам мурд, ё аз гап гирифтан ноумед шуда маро хоҳанд кушт. Пайвандакҳои ё, ё ки, ва ё, ё ин ки, ё… ё нақши муҳим доранд: Ё Гулнор пеши он меояд ва ё ў пеши Гулнор меравад (С.А.). Калимаҳои гоҳ, баъзан, як вақт, ҳоли, дам, як (яке) дар ҳолати такрор шуда омадан чун воситаи луғавию грамматикии алоқамандкунандаи ҷумлаи мураккаби пайвасти ҷудоӣ хизмат мекунанд: Гоҳ Ҷобир ҳарифро ба тагаш зер мекард, гоҳ Восеъ ўро
(С.У.).
Ҷумлаҳои мураккаби пайвасти сертаркиб. Ин гуна ҷумлаҳо аз се ва зиёда ҷумлаҳои содаи баробарҳуқуқ таркиб меёбанд. Дар байни ҷумлаҳои содаи ин гуна ҷумлаҳо чунин муносибатҳоро мушоҳида кардан мумкин аст: 1. Ҷумлаҳои содаи таркиби ин ҷумлаҳо муносибати шумур ё ки номбаркуниро доранд: Дар ин ҷо на об буд, на алаф, на деҳ буд, на дарахт (С.А.). Қавоқҳояш овезон, пеши чашмонаш ожангҳо афтода, сараш урён, аз афташ кулоҳаш дар идора мондааст, фаромўш шудааст (К.Мирзоев). 2.
Ҷумлаҳои содаи таркиби ҷумлаҳои мураккаби сертаркиб бо ҳам дар муносибати замонианд. Ин муносибат ба тарзи ифодаи хабарҳои ҷумлаҳо, ба шаклҳои феълии хабарҳо вобаста мебошад. Муносибати

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор