Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

содаи мустақил (баробарҳуқуқ) ва як ё якчанд ҷумлаҳои пайрав иштирок мекунанд. Ҷумлаи мураккаби омехта аз рўи миқдори ҷумлаҳои таркиби худ ва вобастагии онҳо гуногун мешавад. Муносибати маъноии байни ҷумлаҳои мустақил мисли ҷумлаҳои мураккаби пайваст буда, алоқаю муносибати ҷумлаҳои пайрав нисбат ба сарҷумла мисли ҷумлаҳои мураккаби тобеъ аст. Ҳамаи навъҳои ҷумлаҳои пайрав бар эзоҳи ҷумлаҳои мустақил омада метавонанд: 1. Ҷумлаи мураккаби омехтае, ки ҷумлаи пайрав ҷумлаи содаи мустақили дуюмро шарҳу эзоҳ медиҳад: Ман имрўз бо ҳамроҳи муфаттиш ба пеши Барака рафта будам, дардаш хатарнок набошад ҳам, ҳоло мадор надорад (Ҷ.И.). 2. Ҷумлаи мураккаби омехтае, ки фақат ҷумлаи мустақили якум ҷумлаи пайрав гирифтааст:
Вай,ки худаш танҳо зиндагӣ мекард, Гавҳарро фарзанди худаш барин дўст медошт ва Гавҳар ҳам ўро ба ҷойи бобои худ медонист (П.Т.). 3. Ҷумлаи мураккаби омехтае, ки ҳар ду ҷумлаи мустақил ҳам ҷумлаҳои пайрав доранд: Банда якчанд мадеҳаи шуморо, ки дар «Шоҳнома» ба султон гуфтаед, хондам, маълум шуд, ки шумо дар мадеҳа гуфтан сабки хосе доштаед, ки алҳақ устод будаед (С.У.). 4. Ҷумлаи мураккаби омехтае, ки як ҷумлаи пайрав ба ҳар ду ҷумлаи мустақил баробар тобеъ мебошад:
Вақте ки табассум мекунӣ, дили ман фараҳ меёбад ва дунё равшан мешавад (Ҷ.И.). 5. Ҷумлаи мураккаби омехтае, ки ҷумлаи пайрави чида ба ҳар ду ҷумлаи мустақил баробар тааллуқ дорад: Баъд аз ин роҳи дунболагирии он шикор барои ман баста буд ё ин ки дунболагирӣ фоида надошт, ман ба пеши Қорӣ Ишкамба шарманда шуда будам, дурўғ будани мурчхарии ман ба ў чун офтоб равшан шуда буд (С.А.). 6. Ҷумлаҳои мураккаби омехтае, ки аз се ҷумлаи мустақил ва ҷумлаҳои пайрав таркиб ёфтаанд:
Туро тасхир кард овози Тўҳфа,
Туро ашъори Лоҳутӣ сафо дод,
Ба ҳар тўят, ки Боқӣ буд соқӣ,
Ба дасти ошиқон ҷоми вафо дод. (Л.Ш.).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор