Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

маъноҳои яклухти амалу ҳолат, водркунӣ ё тааҷҷуб кор фармуда мешаванд. Дар бештарини ҷумлаҳои масдарӣ мақолу зарбулмасалҳо истифода мешаванд: Омадан бо иродат, рафтан бо иҷозат; аз хурдон гуноҳ кардан, аз калонон бахшидан; аз пир гуфтан, аз ҷавон шунидан.
Ҷумлаҳои муайяншахс. Ҷумлаҳои содаи яктаркибаи муайяншахс ба гурўҳи ҷумлаҳои яктаркибаи бемубтадо дохил мешаванд, вале аз онҳо фарқ мекунанд. Дар чунин ҷумлаҳо тавассути хабари ҷумла иҷрокунандаи амалро пайдо кардан душвор нест. Хабари чунин ҷумлаҳо маъмулан ба шахси якум ва дуюм далолат мекунад: Ду танки овозадори фашистҳоро сўзонем (Ф.Н.); Ба ҳамаи хешу таборон ва ёру дўстон аз ман салом мерасонед (Ҷ.И.). Ба вазифаи хабари чунин ҷумлаҳо ҳамаи шаклу намудҳои сиғаи хабарӣ дар ҳамаи замонҳо омада метавонанд: Аспамро дар пушти дарвоза баста даромадам (С.У.). Поятонро ба рўи анна ҳамон коғаз мемонед (Р.Ҷ.). Сиғаи амрӣ дар ифодаи хабари ҷумлаи содаи яктаркибаи муайяншахс: Маро танҳо гузоред. Дарбораи худсарии лейтенант фармони сахт тайёр кунед (Ф.Н.). Ҷумлаи содаи яктаркибаи муайяншахс дар шаклгирии ҷумлаҳои мураккаби тобеъ ва пайвасти сертаркиб, омехта низ саҳм дорад: Як рўз пешаз рафтанаш ба ман гўй, як танўр нони обаш аз ширу равған пазам (Р.Ҷ.).
Ҷумлаҳои мураккаби ҳолӣ. Ин навъ ҷумлаҳо аз ҷиҳати сохт ва ифодаи хабарҳо аз ҷумлаҳои муқаррарӣ камее фарқ мекунанд: хабари ҷумлаи аввал бо феъли ғайритасрифӣ – сифати феълӣ ифода мегардад.
Агар хабари ҷумлаи феълӣ бошад, бо сифати феълӣ ва агар номӣ бошад, феълҳои ёридиҳандаи будан, шудан дар шакли буда, шуда меоянд: Дар ҳамин вақт дари кўча кушода шуда, Рустамамак даромада омад (Р.Ҷ.). Ин ҷумлаҳо маъниҳои шумор, сабабу натиҷа ва қиёсро низ ифода мекунанд:
Ишқ ғалаба карда, ғурур мағлуб мешуд (А.Ш.).
Ҷумлаҳои мураккаби омехта. Ҷумлаи мураккаби омехта низ ба гурўҳи ҷумлаҳои мураккаби сертаркиб дохил мешавад, ки камаш аз се ҷумла таркиб меёбад. Дар чунин ҷумлаҳо ҳар ду навъи алоқа пайваст ва тобеъ баробар иштирок мекунад. Дар ин гурўҳ ҷумлаҳо камаш ду ҷумлаи

пешина
аз 389
навбатӣ