Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

(С.У.). Ҷумлаи пайрави миқдору дараҷа маънои иловагии мақсадро ҳам ифода мекунад: Ў ҷаву бедаро ба қадре талаб кард, ки дар як сол ба як асп расад (С.А.).
Ҷумлаи пайрави сабаб. Ҷумлаи пайраве, ки сабаби воқеъ шудан ва ё нашудани фикри дар сарҷумла ифодашударо шарҳ медиҳад ва ба саволҳои чаро?, барои чи?, ба кадом сабаб? ҷавоб мешавад: Овоз баровардани вай ба он ду гўё фармони гурез буд, ки дар як чашм задан аз назар ғоиб шуданд (Ҷ.И.).
Ҷумлаи пайрави тарзи амал. Ҷумлаи пайраве, ки тарзу тариқи воқеъ гардидани амали сарҷумларо шарҳ медиҳад ва ба саволҳои чӣ тарз?, чӣ тариқ?, дар кадом ҳолат? Ҷавоб мешавад. Пайвандакҳои маъмули ҷумлаи пайрави тарзи амал: дар ҳолате ки, ба тавре ки, ба тарзе ки, дар ҳолате ки, бе он ки, бе ин ки мебошад: Хола аз роҳча қадам монда, бе он ки овоз барорад, рост ба таи айвон рафт (Ҷ.И.); Ба якдигар ба тарзе нигоҳ мекарданд, ки маънии он ба ҳар ду фаҳмо буд (Р.Ҷ.). Ҷумлаи пайрави тарзи амал маънои иловагии натиҷаро низ ифода менамояд:
Шарофатхола бо қаҳру ғазаб фарёд карда духтарашро коҳиш кардан гирифт, ба тарзе ки бачаҳо бедор шуда гиря бардоштанд (С.У.).
Ҷумлаи пайрави хилофӣ. Ҷумлаи пайраве, ки мазмуни он хилофи мазмуни сарҷумларо ифода мекунад ва бо сарҷумла ба воситаи пайвандакҳои тобеъкунандаи хилофии бо вуҷуди он ки, ҳарчанд, ҳарчанд ки, агарчи, бо вуҷуди он ки, ҳарчанд, ҳарчанд ки, агарчи, гарчи, ба ҷои он ки ва ғ. тобеъ шуда меояд: Ба ҷои он ки баман дастёрӣ карда, ба хизмати ночизонаи худ қарзҳои маро адо кунад, вай гурехта рафт (С.А.). Ҷумлаи пайрави хилофӣ бештар пеш аз сарҷумла ва баъзан дар байни аъзоҳои он меояд: Ин дафъа ҳам Ҷамила вазифаи миёнраверо, ҳарчанд ки аз ў хоҳиш накарда буданд, ба ҷо овард (Р.Ҷ.).
Ҷумлаи пайрави чида. Ҷумлаи пайраве, ки дар байни аъзоҳои он танҳо як алоқа-–алоқаи пайваст мушоҳида мешавад, ки бо ёрии пайвандакҳои пайвасткунандаи паиҳам, хилофӣ, ҷудоӣ ва интонатсияи пайваст сурат мегирад: Майса ва сабзаҳо дар зери гарду ғубори рег монда

пешина
аз 389
навбатӣ