Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

бештар бошад, мутобиқати шаклҳои феълӣ барои ҷумлаҳои пайрави сабабу мақсад ва шарт муҳим аст. Калимаҳои ҳамнисбат барои ҷумлаи пайрави миқдору дараҷа муҳим бошад, ҷумлаҳои пайрави хилофу натиҷа ин гуна восита надоранд. Дар ҷумлаҳои пайрави замон саҳми пайвандакҳои тобеъкунандаи таркибӣ, калимаҳои ҳамнисбат ва мутобиқати шаклҳои феълӣ зиёд аст. Ҷумлаҳои пайрави тарз, миқдору дараҷа, монандӣ, сабабу мақсад, натиҷа, замону макон ва шарту хилоф ҷумлаҳои пайрави ҳолианд.
Ҷумлаи пайрави пуркунанда. Ҷумлаи пайраве, ки бар эзоҳи яке аз аъзоҳои сарҷумла, бештар хабари он, омада, маънои онро аз ҷиҳати объекти амал пурра мекунад. Вобаста ба эзоҳшавандааш ҷумлаи пайрави пуркунанда ба ду гурўҳ ҷудо мешавад: ҷумлаи пайрави пуркунанда, ки бар эзоҳи хабари сарҷумла омадааст ва пайрави пуркунандае,ки бар эзоҳи пуркунандаи бо ҷонишинҳои ишоратӣ ифодаёфтаи таркиби сарҷумла омадааст: Акнун фаҳмидам, ки осиёби онҳо аз кадом ҷўй об гирифтааст (Ҳасан Ирфон); Ман ҳаминро медонам, ки ҳақиқатан бемулоҳизагӣ кардам, пас фуромадам (Ҷ.И.). Ҷумлаи пайрави пурунанда бо ёрии пайвандакҳо, калимаҳои ҳамнисбат, мутобиқати шаклҳои феълӣ – хабари сарҷумлаю ҷумлаи пайрав, ҷойи ҷумлаҳо ва интонатсия ба сарҷумла алоқаманд мегардад. Дар ҷумлаҳои мураккаби тобеи бепайвандак саҳми интонатсия ва ҷойи ҷумлаҳо зиёд аст: Намедонам, зери хок чанд соат хобидаам (Ҳ. К.). Ҷумлаи пайрави пуркунанда бештар ба феълҳои таркибии ифодагари гуфтор, муомила, дарку эҳсос ва инчунин ҳисиёту ҳаяҷон тобеъ мегардад: Ман ҳеҷ бовар намекунам, ки шумо пул харҷ карда, дар хонаатон ош пазонда хўред! (С.А.). Ҷумлаи пайрави миқдору дараҷа бештар бо пайвандакҳои чи қадаре ки, ҳар чи қадар(е) ки, ба андозае ки, то дараҷае ки, то андозае ки, ба қадре ки ба сарҷумла тобеъ мешавад: Колчакро чунон кўфтанд,ки аз баҳри тахту тоҷ баромада, ба Сибир гурехт (Ф.М.). Ҷумлаи пайрави миқдору дараҷа он маъноро дар қолаби муқоиса низ ифода мекунад: Ба шумо росташро гўям, ман ҳар қадар,ки зиёд фикр мекардам, ҳамон қадар ба худ хиҷолат мекашидам

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор