Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ҳамон, чунин, чунон, ин (он) гуна, ин (он) хел, ҳамин (ҳамон) гунна зиёд аст:
Он азобҳое,ки дар ҷанг, дар байни оташу хун дида буд, ин азоби сафари ноқулайро ба вай осон карда буданд (Ҷ.И.).
Ҷумлаи пайрави мутобиқат. Ҷумлаи пайраве, ки тавассути он ҳамон муносибати маъноии ҳоли мутобиқати ҷумлаи содаро дар қолаби ҷумлаи мураккаби тобеъ ба василаи муносибати маъноии ҷумлаи пайрави мутобиқат бо сарҷумла низ ифода кардан мумкин аст: Ман аз асли мақсад бехабар ба он макон расидам ва ба гуфтаи ў (марди фарангӣ) амал карда дидам, дар он хок ҷавоҳири зиёд хоб кардааст (Чор дарвеш) // Ман, чунон ки ў (марди фарангӣ) гуфта буд (маслиҳат дода, фармуда, тавсия карда буд) амал карда дидам… Ҷумлаи пайрави мутобиқат омадану наомадани амалу ҳолат, аломату хусусият, мусоидат кардан ё накардани мундариҷаи ҷумлаи пайравро ба амалу ҳолат ё мазмуни умумии сарҷумла мефаҳмонад. Дар ифодаи маънои аввал пайвандакҳои чунон ки, ба тарзе ки, ба тавре ки, мувофиқи он ки ва ғ. ба кор бурда мешавад. Маънои вобастагӣ бо ёрии пайвандаки вобаста ба он (ин) ки, бо назардошти он ки ифода мегардад: Чунон ки намояндаи Пентагон изҳор намуд, имрўз эскадраи иборат аз шаш киштии ҳарбии Америка ба қисми ғарбии уқёнуси Ором равон мешавад.
Ҷумлаи пайрави натиҷа. Ҷумлаи пайраве, ки натиҷа ва ё хулосаи фикри дар сарҷумла ифодашударо нишон медиҳад ва ба саволҳои натиҷааш чӣ шуд?, натиҷааш чӣ мешавад? ҷавоб мешавад: Як табассуми латиф, бачагона ва маъсумона дар рўйи ў шукуфт, ки ўро боз ҳам зеботар гардонд (Р.Ҷ.). Дар чунин ҷумла амали сарҷумла ва ҷумлаи пайрави натиҷа бештар ба як замон далолат мекунад ва паиҳам ба вуқуъ меояд:
Замона захми ҷонкоҳе ба ҷигаргоҳи ў зад, ки дигар тобу тавон дар пайкараш ва ақлу ҳуш дар сараш намонд (С.А.).
Ҷумлаи пайрави ҳол. Гурўҳи махсуси ҷумлаҳои мураккаби тобее,ки бо хусусиятҳои маъноию грамматикии худ аз ҷумлаҳои пайрави дигар фарқ мекунанд. Воситаҳои грамматикии алоқа дар чунин ҷумлаҳо гуногун аст. Масалан, дар ҷумлаҳои пайрави сабабу хилоф саҳми пайвандакҳо

пешина
аз 389
навбатӣ