Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ҷумлаи пайрави миқдору дараҷа. Ҷумлаи пайраве,ки миқдор ва дараҷаю андозаи аломати сарҷумларо шарҳ медиҳад ва ба саволҳои чӣ қадар?, то чӣ андоза?, то кадом андоза?, то кадом дараҷа? ҷавоб мешавад:
Одамон ба қадри имкон худро канор кашида, роҳро ба қадре ки як савор гузашта метавонист, кушоданд (С.А.).
Ҷумлаи пайрави монандӣ. Ҷумлаи пайраве, ки сарҷумларо ба воситаи монандкунӣ ва муқоиса шарҳу эзоҳ медиҳад ва ба саволҳои мисли чӣ? ба монанди чӣ? ҷавоб мешавад. Ҷумлаи пайрави монандиро пайвандакҳои мисли ин (он) ки, монанди ин ки, ба тавре ки, чунон ки, ба тарзе ки, чи навъе ки, чи тарзе ки ба сарҷумла алоқаманд мекунанд: Аммо халифа монанди ин ки гавак кашад, ба сари оринҷ ва зонуҳояш хобида буд (С.А.). Ҷумлаи пайрави монандӣ ба калимаи ҳамнисбати таркиби сарҷумла, ки ба вазифаи ҳоли монандӣ омадааст, низ меояд:
Ҷумлаи пайрави муайянкунанда. Ҷумлаи пайраве,ки бо интонатсияи тобеъ, пайвандаки ки ва калимаҳои ҳамнисбат ба сарҷумла тобеъ шуда, аъзои ҷудогонаи ҷумларо, ки бо исм ва дигар калимаҳои ифодагари мафҳумҳои шахсу ашё ифода ёфтааст, аз ҷиҳати аломату хусусият эзоҳ медиҳад ва ҳамеша пас аз исми муайяншаванда ҷой мегирад: Ў монанди шере, ки дар ғазаб омада бошад, дандон мехойид ва меғуррид (С.А.).
Ҷумлаи пайрави муайянкунанда ба мисли муайнкунандаи ҷумлаи сода бештар бар эзоҳи исм меояд. Бар эзоҳи исм: Халқе, ки фарҳангу забон дорад, намиранда бувад. Бар эзоҳи ҷонишин: Ман, ки баробари ў аз ҷо хеста, дар рў ба рўяш рост истода будам, дастони ларзони худро ба гардани латифи атласи сафедмонанди ў андохтам (С.А.). Бар эзоҳи масдар: Баъд аз ин ман бо сухани ин одам аз ҷояш ҳеҷ намеҷунбидам, аз ин гуна беасос аз марг тарсида гурехтан, ки рўзе чанд бор воқеъ мешавад, бо шамшери аскарони сурх кушта шудан ҳазор бор беҳтар аст (С.А.).
Ҷумлаи пайрави муайянкунанда ба воситаи пайвандак, калимаҳои ҳамнисбат, артикли -е ва интонатсия ба муайяншавандаи худ тобеъ мешавад. Дар ифодаи муносибати синтаксисии ҷумлаи пайрави муайянкунанда бо сарҷумла саҳми калимаҳои ҳамнисбат: ин, он, ҳамин,

пешина
аз 389
навбатӣ