Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

пажмурда шуда буданд (С.А.). Ман ҳам он вақтҳо кам-кам шеър мегуфтам, аммо шеъри худро ба касе нишон намедодам (С.А.). Дар ҷумлаҳои пайрави чидааъзо ду ва зиёда мубтадо, хабар, муайянкунанда, пуркунанда ва ҳол бо алоқаи пайваст омада, бо аъзои дигар муносибати якхелаи маъноию грамматикӣ доранд: Аз оҳан, пўлод, мису биринҷӣ чизи дилхоҳи худро сохтани падар муҳаббати писарро ба ин касб рўз аз рўз афзун менамуд (Р.Ҷ.). Дар чунин ҷумлаҳо пасванди ҷамъбандӣ, артикли номуайянӣ ва ё бандакҷонишинҳо бо як аъзо, бо аъзои охирин омада, ба ҳамаи аъзои чида баробар тааллуқ доранд: Дар ин ҷо як кас, ки риш, бурут, мўйлаб, мўйсар, абрў ва мижгонҳояш тамоман сўхта буд, ҳаққосзанон нафасҳои кўтоҳ-кўтоҳ кашида хобида буд (С.А.). «Мардуми луб-лучак» зоҳиран ба ҷумлаҳои унвонӣ шабоҳат доранд. Дар асл онҳо ҷумлаҳои унвонӣ нестанд, зеро дар онҳо ҷузъҳои асосӣ анор ва мардум мустақилияти сохторӣ надоранд. Вале дар мисолҳои зерин исм мақоми мустақил дорад, бинобар ин ҷумлаи яктаркибаи номӣ мешавад: Яке аз рўзҳои ҷумъаи соли 1931 буд. Ҳангоми қиём. Дарахтон пар намезаданд (Ҳ.К.); Шаб. Осмони ситоразор. Баҳр ором. Чароғи хонаҳо хомўш.
Мардум масти хоб. Аз дур садои насосҳои нафткашӣ ба гўш мерасад (М.Қ.). Калимаҳои ҷудогона ё ибораҳо дар ҳамон сурат ҷумлаҳои яктаркибаи номиро ташкил медиҳанд, ки дорои интонатсия бошанд. - Чӣ хел зани хушрўй! (Ф.М.); Чӣ тавр нағз! (Ҷ.И.). Калимаҳои аҷаб, аҷоиб, басо, бағоят ва ғ. низ дар чунин ҷумлаҳо ҳиссиёти қаноатмандӣ, мамнунӣ, тааҷҷуб ва ҳайратро ифода мекунанд: Аҷаб ҷойи дилкушое! (Ф.М.).
Нидоҳо низ алоҳида ё дар дохили ҷумла омада, тааҷҷуб, ҳайрат, норозигиро мефаҳмонанд: – Эҳа-а-а ёфтӣ ҷоята, дароз кардӣ поята!
(Ф.М.). Калимаю таркибҳои ифодагари таҳсин: аҳсант, офарин, боракалло, бале, қандата зан ва ғ. дар ифодаи эҳсосоти қаноатмандӣ ва арзи сипос истифода мешаванд: – Ман ҳам дар ҳамин ақидаам.
Боракалло!; «Э бале, Шер! Офарин, Шер!» (Ф.М.). Дар ҷумлаҳои ҳикоягӣ, саволӣ ва амрӣ фикрро бо ҳисиёту ҳаяҷон ва ё хитобан ифода шавад, онҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор