Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Балоғат (ар. балоғат-балиғ, расо ва мукаммал будани сухан, суханварӣ, суханпардозӣ бо мазмунҳои дақиқу баланд ва писандида; камоли суханварӣ; зебу орои сухан) – яке аз ҷузъҳои назарияи адабиёти классикии форсу тоҷик, ки равонӣ, фасеҳӣ ва мувофиқи мақом ба кор бурдани калимаро меомўзад. Суханҳоро бо фасоҳат мувофиқи мақом ва шароит кор фармудан, яъне агар лозим шавад, такрор намудан, ба мавқеъ кор фармудани санъатҳои бадеӣ, аз рўйи зарурат кўтоҳ ё бо тафсил баён кардани маънӣ. Шамси Қайси Розӣ балоғатро ин тавр шарҳ додаст:
«Маънии балоғат он аст, ки дар он чӣ дар замир бошад, ба лафзе андак, бе он ки ба тамоми маънии он ихлоле роҳ ёбад, баён кунад ва дар он чи ба басти сухан эҳтиёҷ афтад аз қадри ҳоҷат дарнагузарад ва ба ҳадди малол нарасонад». Дар балоғат шарти асосӣ аз заъфи таълиф холӣ ва ба зеҳни шунаванда наздик будани сухан аст. Балоғат аз илмҳои маонӣ, баён ва бадеъ иборат буда, дар сурати риоя нашудани шарти яке аз ин илмҳо балоғати сухан нуқсон меёбад. Балоғат рукни услуб ва фасоҳат ҷузъи балоғат ба ҳисоб меравад.
Балоғати оҳанг (ниг.: наво).
Бандак. Морфемаи шаклсози ёрирасонест, ки пас аз реша ё асос омада, онҳоро аз ҷиҳати муносибатҳои гуногуни синтаксисӣ бо калимаҳои дигари ибора ё чумла алоқаманд мегардонад:
муайянкунандаро бо муайяншаванда: дили беқарор, китоби дарсӣ, амалеро бо иҷрокунандааш, яъне фоил (субъект): ((мо хондем, шумо хондед, онҳо хонданд), пуркунандаро бо мубтадо (Салима китобашро хонд). Бандакҳо 4 навъанд: а) бандаки изофӣ воситаи муҳимтарини робитаи синтаксисии муайянкунандаю муайяншаванда аст: дили беқарор, падари меҳрубон, китоби Аҳмад; б) бандакҳои феълӣ, ки воситаи ифодаи шаклу шумораи феълҳоянд: ман мехонам, ту мехонӣ, ў (вай) мехонад; Мо мехонем. Шумо мехонед, онҳо мехонанд; в) бандакҳои хабарӣ, ки аз ҷиҳати вазифаи грамматикиашон аз бандакхои феълӣ фарқ надоранд.
Аммо аз ҷиҳати ифода фарқ мекунанд. Бандакҳои шахсии феъл фақат бо феълҳо (замони гузаштаи наздик: рафтам, гузаштаи дур: рафта будам,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё