Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

ба воситаи бандаки изофӣ ба исмҳо алоқаманд мешаванд: Рустами достон, Сангини Гург; баёнияҳои истисноӣ, ки пас аз исмҳо бевосита: Ватанам – модарам, зодгоҳам – сарчашмаи илҳомам ё бо калимаҳои навъи яъне, масалан, чунончи меоянд: нури чашмонаш, яъне Гулбибиро; қуввати диламро, масалан фарзанди азизамро; вайд у побанди зўр, яъне як писару як духтар дошт. Аксари баёнияҳо бо эзоҳшаванда ё муайяншавандаи худ як маъниро ифода мекунанд: Тарҷумони номӣ, нависанда ва киношинос Лев Қандиновро соли 1974 сармуҳаррири киностудияи «Тоҷикистон таъин карданд» (Ф.М.). Баёния бо баёншавандаи худ дар ифодаи шумора мувофиқат мекунад:
Ватанам – модарам барои ман,
Зиндагонии чун шакар додаст (Ф.А.).
Баёнияи истисноӣ чунин калима, ибора ё ҷумлаест, ки бо зикри номи дигар, мансаб, машғулият, аломатҳои зоҳирӣ ё сифатҳои маънавӣ аъзоҳои ҷумларо эзоҳ медиҳад: Назар ба қавли падарам – Сайидмуродхоҷа, падари ў – Сайид-умархоҷа одами хату саводнок буда, аз ҳунари дастӣ, дўконбофӣ ва дуредгариро хуб медонистааст (С.А.). Калимаю ибораҳои эзоҳшаванда ба вазифаи аъзоҳои гуногуни ҷумла меоянд. Онҳо барои тавзеҳи сараъзоҳою аъзоҳои пайрави ҷумла хизмат мекунанд: 1. Бар эзоҳи мубтадо: Мо – одамон, навдаҳои як ток ва лолаҳои як хокем (Рўзнома). 2.
Бар эзоҳи хабар: Вале пирамард инро гуфта натавонист – забонаш нагашт (С.Т.). 3. Бар эзоҳи муайянкунандаи соҳибӣ: Салому эҳтироми ворисони худ – тоҷиконро қабул фармо! (М.Қ.). 4. Бар эзоҳи пуркунандаи бевосита ва бавосита: Мо – занонро асло писанд намекарданд (Ҳ.К.); Ман бо нигоҳи машварат ба «шарики худ» – ба бобоям нигаристам (С.А.). 5. Бар эзоҳи ҳол: Мошин оҳиста-оҳиста – гўё хазида ба фарози Шерон мебаромад (С.Т.). Аъзоҳои истисноии ҷумла як василаи муҳими услубии таъкид низ ба шумор меравад:
Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст:
Бо дўстон мурувват, бо душманон мадоро (Ҳофиз).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё