Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

гузаштаи ҳикоягӣ: мерафтам, замони ҳозира-оянда: меравам меоянд.
Аммо доираи вазифаи грамматики бандакҳои хабарӣ танҳо бо феъл маҳдуд намешавад: онҳо бо як гурўх феълҳо омада, шакли тасрифии феълҳоро месозанд (ман хондаам, ту хондаӣ, вай хондааст), ҳам бо ҳиссаҳои номии нутқ омада, хабарҳои номиро сурат медиҳанд: ман коргарам, ман хушбахтиам, ман ҳозирам. Феълҳои ҳаст ва будан низ вазифаи бандакҳои хабариро иҷро мекунанд; г) бандакҷонишинҳо ба интиҳои асосҳо ҳамроҳ шуда, ба кӣ тааллуқ доштани предметро мефаҳмонанд, яъне бандакҷонишинҳо бо номи ашё ва мафҳумҳо ва маъмулан бо исмҳо омада, маънии моликият ва соҳибиятро ифода мекунанд: китобам (китоби ман), китобат (китоби ту), китобаш (китоби ў), китобамон (китоби мо), китобатон (китоби шумо), китобашон (китоби онҳо).
Банди синтаксисӣ (воҳиди забарҷумлаӣ). Маҷмуи ҷумлаҳои аз нигоҳи мазмуну мундариҷа, услубу сабк, мантиқ ва сохтор бо ҳам алоқаманд, ки дар заминаи изҳори назари ягонаи муаллиф ва ё гўянда сурат мегирад ва таҳия мешавад. Банди синтаксисӣ тавассути шинохти муносибатҳои устувори маъноиву сохторӣ, услубиву мантиқӣ ва хронологиву пайдарҳамӣ дар дохили матни умумии густарда ҳудудгузорӣ ва ҷудо карда мешавад. Муносибатҳои ягонаи маъноиву услубӣ ва сохтории устувори миёни ҷумлаҳо дар таркиби банди синтаксисӣ бо истиофдаи воситаҳои гуногуни забонӣ сурат мегирад, ки онҳорор ба таври зайл метавон тасниф намуд: воситаҳои луғавӣ (такрори воҳидҳои луғавӣ дар ҷумлаҳои пайдарҳам, истифодаи ҷонишинҳо ва вожаҳои зарфии амсоли баъдан, инак, ҳамин тавр, ки ба вазифаи пайвандакҳои миёни ҷумлаҳо истифода мешаванд), воситаҳои морофологӣ (таносуб ва мувофиқати замониву шаклии хабарҳо ва воситаҳои дигари мухобиротӣ, ки пайвандии ҷумлаҳоро таъмин мекунанд), синтаксисӣ (тартиби калимаҳои дохили ҳар як ҷумла таркиби банди синтаксисӣ ва дигар воситаҳои алоқаи синтаксисӣ ба монанди калимаҳои ҳамнисбат), воситаҳои ифодагари оҳангу зада (оҳанги қисматҳо ва ҷузъҳои ҷудогонаи

пешина
аз 389
навбатӣ