Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

муроҷиат меоянд: То омадани ман баногоҳ рафта намон (Р.Ҷ.). Бо сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ: – Ғами ин дунёро фаромўш кунам? (Ф.Н.). Бо сиғаи эҳтимолӣ: Пешакӣ ягон номи аҷоибро ҳам ёфта мондагист? (Ф.М.).
Ҷумлаҳои содаи яктаркибаи муайяншахс аз ҷиҳати ифодаи марому мақсад ҳикоягӣ, саволӣ, амрӣ ва хитобӣ мешаванд: – Ба лаби дарёи Сир баромадам (Р.Ҷ.). – Инҳоро аз куҷо пайдо кардед? (Ф.Н.).Ана акнун корро аз мо бинед! – Хуб, тамошо мекунем (Ҷ.И.). Ҷумлаи содаи яктаркибаи муайяншахс дар шаклгирии ҷумлаҳои мураккаб, ҷумлаҳои мураккаби тобеи сертаркиб ва омехта низ саҳм дорад: Дар берун муовин – мудири музей марҳаматбонуро дида мондам, ки бо ман шиноси кўҳна буд (Ҷ.И.).
Ҷумлаи мураккаб. Ҷумлаи мураккаб дар ташаккул ва ифодаи фикру андеша саҳми муҳим дорад. Ҷумлаи мураккаб аз ду ва ё зиёда ҷумлаҳои сода ташкил ёфта, дорои ягонагии маъно, сохт ва оҳанг мебошад.
Ҷумлаҳои содаи таркиби ҷумлаҳои мураккаб аз ҷиҳати иштироки сараъзоҳо ва аъзоҳои пайрав, тартиби калимаҳо, алоқаю робитаи грамматикию маъноии ҷузъҳо, хусусияти предикативию модалӣ аз ҷумлаҳои ҷудогонаи мустақил фарқ намекунанд. Ҷумлаҳои содаи таркиби ҷумлаҳои мураккаб аз ҷиҳати маъно ва сохти грамматикӣ бо ҳам умумият доранд ва бо ёрии воситаҳои грамматикии пайвандакҳо, калимаҳои ҳамнисбат, воҳидҳои ишоратӣ, мутобиқати шаклҳои феълии хабари ҷумлаҳо, воситаҳои гуногуни луғавӣ ва оҳанги ягона сурат мегирад: 1.
Оҳанг. Модар ва духтар дар поёни хона нишаста ғўзакашӣ мекарданду Дилбар модарашро ба коре тарғиб менамуд (Ҷ.И.). 2. Пайвандакҳо.
Тадбири андешаи ман ин аст, ки бо одамони худ аз ҳамон роҳ рафта, аз деҳаи Шириниён гузашта, аз пушти онҳо мебароям (С.А.). 3. Калимаҳои ҳамнисбат: Кори кардагиашон ҳамин шуд: ба гурехтан маҷбур шуданд (С.У.). 4. Тартиби калима: Қомати ин одам аз миён баландтар буда, баданаш чунин пуропур буд, ки ба назари кас кўтоҳқад менамуд (С.А.). 5.
Таносубу муносибати замонии феълӣ-хабар: Ў соли гузашта ба шаҳр фуромада, ба хонаи Пўлод сар халонда буд, то ки ўро бинад ва дар он ҷо одамон ба вай ёрӣ расонанд (Р.Ҷ.). Ҷумлаҳои мураккаб аз рўйи сохт,

пешина
аз 389
навбатӣ