Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

алоқаи грамматикӣ ва муносибати маъноии қисмҳояшон ба ду гурўҳи калон: ҷумлаҳои мураккаби пайваст ва ҷумлаҳои мураккаби тобеъ ҷудо мешаванд.
Ҷумлаи мураккаби пайваст. Ҷумлаи мураккаби пайваст аз ду ва ё зиёда ҷумлаҳои содаи нисбатан мустақилмаъно бо ёрии воситаҳои грамматикии пайвасткунанда ташкил ёфта, муносибатҳои грамматикии замонӣ, хилофӣ, ҷудоӣ, шумур, сабабу натиҷа, қиёс ва эзоҳиро ифода мекунад. Муносибати грамматикӣ ва маъноии ҷумлаи содаи таркиби ҷумлаҳои мураккаби пайваст хусусияти нисбӣ дорад, зеро дар як ҳолат вобаста ба тарзу шакли ифода мустақилияти маъноии худро пурра маҳфуз доранд, дар ҳолати дигар аз нигоҳи сохту маъно ба ҳамдигар вобаста мебошанд. Ҷумлаҳои таркиби ҷумлаи мураккаби пайваст бо ёрии воситаҳои гуногуни грамматикӣ ва луғавию фонетикӣ ба ҳамдигар муносибати синтаксисӣ доранд: пайвандакҳо, оҳанг,шаклҳои феълии хабарҳо, таркиби ҷумлаҳо, эллипсис, такрори калима ҷонишинҳои энклитикӣ, воҳидҳои нисбӣ ва воҳидҳои ёрирасон мансубанд. Ҷумлаи мураккабе, ки ҷузъҳои он ҳар кадом мустақил, баробарҳуқуқ буда, бо ҳамдигар ба воситаҳои пайвандакҳо ё оҳанги пайвасткунанда алоқаманд шудаанд: Вай маро ҷеғ зада фарёд кард, аммо ман ба қафоям нигоҳ накарда рафтан гирифтам (С.У.).
Ҷумлаи мураккаби пайвасти бепайвандак. Ҷумлаҳои содаи таркиби ин ҷумлаҳо ба воситаи оҳанг, тартиби ҷумлаҳо ва воситаҳои дигари луғавию грамматикӣ ба ҳамдигар алоқаманд мешаванд: Тирамоҳ шуд, вақти сафари Дарвешобод расид (С.А.). Ин гуна ҷумлаҳо бештар ба панду ҳикмат ва зарбулмасалу мақолҳо хосанд: Замин сахт, осмон баланд (Панд). Аввал бубин ҷойи худ, баъд бимон пойи худ (Зарбулмасал).
Ҷумлаи мураккаби пайвасти паиҳам. Ҷумлаҳои мураккаби пайвасте,ки дар онҳо ду ё зиёда ҷумлаҳои сода паиҳам омада, дар заминаи муносибатҳои гуногуни маъноӣ бо ҳам алоқаманд шуда, ҷумлаи мураккаби пайвасти пайиҳамро ташкил медиҳанд. Яке аз он муносибатҳои маъноӣ алоқамандии замонӣ аст: Талабагон дар ҳар як стул

пешина
аз 389
навбатӣ