Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

ва дар рўзи саввум бо зарбаи ин чўбҳо дар беморхона мурд) монданд
(С.А.).
Ҷумлаи инкорӣ. Ҷумлаи яктаркибае, ки барои инкори фикри гуфташуда хизмат мекунад. Ин навъ ҷумлаҳо, одатан, ба воситаи ҳиссачаҳои инкории не (на), ҳисачаи модалии ҳаргиз ифода мешаванд: Ту кистӣ, раис ҳастӣ? – пурсид шофёри калон. – Не. (С.У.); – Ту ўро ягон бор дидаӣ? – Ҳаргиз! Ҷумлаҳои инкорӣ дар қолаби ҷумлаҳои нопурра ба воситаи ҷонишинҳои инкорӣ (ҳеҷ, ҳеҷ кас, ҳеҷ чиз); феъли инкории нест низ ифода меёбанд: – Ҳамсоя, мабодо-ку намак надоред? – Нест! (П.Т.); – Дар назди ту ҳоло кӣ буд? – Ҳеҷ кас! (С.А.). Фалонӣ имсол даҳ тоқӣ ғалла коштааст, бисмадонӣ понздаҳ тоқӣ… (С.У.); Ин ҳикоя аз фалону беҳмадон
(Ф.М.).
Ҷумлаи масдарӣ. Ҷумлаи яктаркибае, ки сараъзои он бо масдар ифода ёфтааст. Ин навъ ҷумлаҳо бештар барои ифодаи маъноҳои яклухти амалу ҳолат ё водоркунӣ ва ё тааҷҷуб кор фармуда мешаванд. Бештарини мақолу зарбулмасалҳо дар қолаби ҷумлаҳои масдарӣ меоянд: Омадан бо иродат, рафтан бо иҷозат; аз хурдон гуноҳ кардан, аз калонон бахшидан; аз пир гуфтан, аз ҷавон шунидан.
Ҷумлаи муайяншахс. Ҷумлаҳои содаи яктаркибаи муайяншахс ба гурўҳи ҷумлаҳои яктаркибаи бемубтадо дохил мешаванд,вале аз онҳо фарқ мекунанд, зеро дар ин гурўҳ ҷумлаҳо аз рўйи хабари ҷумла иҷрокунандаи амалро пайдо кардан душвор нест. Хабари ҷумлаи содаи муайяншахс маъмулан ба шахси якуму дуюм далолат мекунад: Бо нишондоди падарам дар замин пору ва хокҳои пўсида рехтам ва боз як бори дигар каландгардон карда поруҳоро ба хок омехтам (С.А.).
Ҷумлаҳои содаи яктаркибаи муайяншахс аз рўйи хабари ҷумла ва ифодаи он муайян карда мешавад. Ба вазифаи хабари ҷумлаҳои яктаркибаи муайяншахс ҳамаи шаклу намудҳои сиғаи хабарӣ дар ҳамаи замонҳо омада метавонанд: Аспамро дар пушти Дарвоза баста даромадам (С.У.).
Сиғаи амрӣ дар ифодаи хабари ҷумлаи яктаркибаи муайяншахс бештар меояд. Ин гуна ҷумлаҳо ба маънои амру фармон, орзую хоҳиш, таъкиду

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор