Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

мешаванд ва мисли исмҳо бо дигар калимаҳо робитаи синтаксисӣ пайдо мекунанд: Ман модарамро фақат як бор дидаам… (Ф.Н.). Кӣ омад? Вай чӣ овард. Ман онҳоро дидаам (С.А.). Ҷонишинҳои ҳамнисбати сифатҳо.
Калимаҳое, ки дорои маънои умумии аломату сифатанд. Ба ин гурўҳ ҷонишинҳои ишоратӣ (ин гуна, ин хел, ҳамин гуна, ҳамин хел, он гуна, он хел, ҳамон хел), ҷонишинҳои саволӣ (чӣ гуна?, чӣ тавр?, чӣ хел?), ҷонишинҳои манфӣ (ҳеҷ гуна), ҷонишинҳои таъинӣ (ҳама гуна, ҳар гуна) мансуб аст. Ин гуна ҷонишинҳо ба мисли сифатҳо дар ҷумла муайянкунандаи исм ё ҳоли ҷумла шуда меоянд: Аммо ҳеҷ кадоми ин гуна хабарҳо ба азму иродаи Темурмалик футур нарасонид (С.А.).
Ҷонишинҳои ҳамнисбати шумора. Калимаҳои дорои маънои умумии миқдор: ҷонишинҳои саволӣ (чанд?, чӣ қадар?), ҷонишинҳои ишоратӣ (ҳамон қадар, ҳамин қадар, чӣ қадар?, ин қадар, он қадар),ҷонишинҳои номуайян (чандин, якчанд). Ҳамаи онҳо чун шумораҳо пеш аз исм омада, муайянкунандаи он мебошанд ва бо исм дар таркиби як ибораи ҷудонопазир, мубтадо, пуркунанда ё ҳол шуда меоянд: … Ҷалолиддин …
ба муқобили муғулони бисёр чандин бор ҷангҳои мардонаи ғолибона карда душманро шикаст дод (С.А.). Ҷонишинҳои шахсӣ. Ҷонишинҳое, ки ба се шахс далолат мекунанд: ман – шахси гўянда, ту ҳамсўҳбати ў, ў, онҳо (онон), ки дар сўҳбат иштирок надоранд. Ҷонишинҳои шахсӣ аломатҳои мушаххаси морфологӣ доранд. Ҷонишинҳои ман, ту шакли ҷамъ надоранд. Аз ҷонишини шахсии ман ҳангоми бо пасоянди -ро омаданаш ҳамсадои н ҳазф мешавад:
Маро бисуду фурў рехт ҳар он чи дандон буд, Набуд дандон, ло бал чароғи тобон буд (Рўдакӣ).
Ҷонишини ман мисли исмҳо бо ёрии бандаки изофӣ бо сифату сифатҳои феълӣ робитаи синтаксисӣ пайдо намуда, соҳиби муайянкунанда мешавад: мани бечора (фақир, бенаво, бедармон, мўйсафед): Ба мани шўрбахт раҳм кунед (С.У.). Дили мани кўдакро ба худ ҷалб намуд (Ҳ.К.). Баъзан ҷонишинҳои шахсӣ артикли номуайянии -е-ро мегиранд: Чунон мардеро пеши чун мане чаро дурўғ бояд гуфт (У.К.). Дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор