Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Ҷ
Ҷойивазкунӣ (ё қалб – бо истилоҳи пешина). Падидаи овозие,ки туфайли он ду овози ҳамсоя ҷойи ҳамдигарро мегиранд. Ҷойивазкунии фонемаҳо низ дар натиҷаи ҳамнишинии фонемаҳо ба амал меояд ва ба содаву осон кардани талаффуз вобаста аст. Агар дар ҳамнишинии дугона талаффузи аъзои якум нисбат ба дуюм душвортар бошад, аввал фонемаи дуюм, ки талаффузаш осонтар аст, талаффуз мешавад, баъд фонемаи дуюм талаффуз мешавад. Масалан, дар ҳамнишинии бр, фҳ, фл, зр, фв барои осон кардани ҷараёни овозсозӣ аввал фонемаи (ҳамсадои) дуюм, баъд фонемаи якум талаффуз мешавад: тўбра-тўрба, сафҳа-саҳфа (ё саҳифа бо афзоиши садоноки и), қуфл-қулф, афв-авф. Ҷойивазкунии фонемаҳо ду навъ аст: таърихӣ ва муосир: а) ҷойивазкунии таърихӣ дар давраҳои пешинаи инкишофи забон сурат мегирад ва тадриҷан ба меъёри забон дохил мешавад ва шакли (талаффузи)аслии калимаро танг карда, ҷойи онро мегирад. Калимаҳои қулф, кифт, сурфа, маҳсӣ, авф дар асл дар шакли қуфл, китф, суфра, масҳӣ, афв будаанд, вале дар натиҷаи ҷойивазкунии фонемаҳои ҳамнишин тадриҷан мустақилият пайдо карда, шакли имрўзаро гирифтаанд; б) дар ҷойивазкунии муосир падида ҳанўз зинда аст ва хоси нутқи гуфтугўист. Дар ин маврид ҳар ду навъи талаффуз ба таври мувозӣ вуҷуд дошта метавонад: ҳалво-ҳавло, дарё-дайро, ҷумъаҷуъма, ҷамъ-ҷаъм. Ҷойивазкунӣ дар забони тоҷикӣ хоси ҳамсадоҳост.
Ҷонишин. Ҷонишинҳо ҳамчун ҳиссаи мустақилмаънои нутқ ба предметҳо, аломату миқдори онҳо далолат намуда, бо исму сифату шумора чанд хусусияти якхелаи морфологӣ ва синтаксисӣ доранд: Пагоҳ ў, Саидбек мебоист ба Сочак мерафт… (Ф.М.). Ту хавотир нашав. Ба мо ҳеҷ гап намешавад (Р.Ҷ.). Ҷонишинҳои ҳамнисбати исмҳо. Калимаҳои маънои умумии предметӣ дошта: ҳамаи ҷонишинҳои шахсӣ (ман, мо, ту, шумо, ў, вай, онҳо), ҷонишинҳои нафсӣ-таъкидӣ (худ, хештан, хеш), ҷонишинҳои манфӣ (ҳеҷ кӣ, ҳеҷ чӣ, ҳеҷ кас), ҷонишинҳои таъинӣ (ҳама, ҳар кӣ, ҳарчӣ, ҳар кас), ҷонишинҳои саволӣ (кӣ?, киҳо?, чиҳо?). Дар ҷумла ҳамаи онҳо мисли исмҳо мубтадову пуркунанда ва муайянкунанда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор