Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ч
«Чароғи ҳидоят» - фарҳанги мансуб ба донишманд ва фарҳангнависи маъруфи ҳиндӣ Сироҷиддин Алихони Орзу чун ёдгории мўътабару пурарзиши луғатнигории нимаи аввали асри XVIII-и Ҳиндустон аст.
Муҳаққиқи тоҷик В.А.Капранов мавқеи ин луғати тафсириро чунин баҳо додааст: «Луғатҳои ифодаҳоро алоҳида қайд кардан лозим аст, ки «Чароғи ҳидоят» ва «Мусталаҳотушшуаро» - и Вораста (асри XVIII ) аз ҳамин қабил мебошанд. Дар ин луғатҳо ифодаҳои ҷудогона, ҷумлаҳои мураккаб, ибораҳои маҷозӣ ва, ҳамчунин, калимаҳои ҷудогонае, ки маънои махсусе доранд, шарҳ дода мешаванд». «Чароғи ҳидоят» ҳаҷман хурд бошад ҳам, чун асари лексикографӣ арзиши баланди илмиро соҳиб аст ва ин луғатро баъзан дар таърихи луғатнигорӣ фарҳанги ибораҳои фразеологӣ мешуморанд, зеро дар он қариб 1751 воҳиди фразеологиву идиома ва ибораҳои рехтаи гуногун тавзеҳ ёфтаанд. «Чароғи ҳидоят»
монанди «Луғати фурс» - и Асадии Тўсӣ, «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», «Бурҳони қотеъ» ва «Баҳори Аҷам» фарҳанги умумии тафсирӣ набуда, фарҳанги калимаву ибораҳои рехтаи ашъори шоирони пешин ва замони луғатсоз (ибтидои асри XVIII) мебошад. «Чароғи ҳидоят» ҳамчун қисмати дуюми фарҳанги «Сироҷуллуғот»-и Орзу, соли 1734-и мелодӣ дар Ҳиндустон дар замони ҳукмравоии Муҳаммад Подшоҳ (солҳои 1720-1750- и мелодӣ) таълиф шудааст. Фарҳанги мазкур 433 ибораҳои озоди синтаксисиро тафсир менамояд, ки 235-то ин калимаҳо дар забони муосири тоҷикӣ корбаст мешаванд. Ҳамчунин дар луғат 127 калимаи мухталиф тафсир шудаанд, ки аксарашон аз истеъмол баромадаанд. Дар сохтани ин гуна калимаҳо пасвандҳои –ӣ, -а, -ина, -ан, -бон, -гар, -гоҳ ва пешвандҳои бар-, бе-, но-, ҳам- ба кор рафтаанд ва ин пасвандҳо дар калимасозии забони муосири тоҷикӣ истеъмол мешаванд.

пешина
аз 389
навбатӣ