Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

муколама мо ба ҷои ман ба кор меравад: Ҳеҷ касро шарик нагирам, туро шарик мегирам, охир мову ту ошнои дерина-ку (С.У.). Дар услуби илмӣ дар ифодаи фурўтанӣ ба ҷои ҷонишини ман ҷонишини мо-ро ба кор мебаранд. Шакли ҷамъи ҷонишинҳои шахси сеюм аз шакли танҳо бо ёрии пасвандҳои шаклсози -ҳо, -он сохта мешавад: Аз маҳбусон ононе, ки ба ҷавонбухориён робита надоштанд, ба хонаи худ рафтанд. Дар миёни онҳо касоне буданд… (С.А.). Баъзан дар гуфтугў ва дар осори адибон калимаҳои фақир, камина, банда барои ифода ва риояи одобу эҳтиром, ба ҷои ман истифода мешавад: Мири қушбегӣ хостанд, ки фақир ба он кас наздик бошам (С.А.). Камина… ҳам он ҷо будам (Ф.М.). Ҷонишинҳои нафсӣ-таъкидӣ. Ҷонишинҳое, ки муносибати шахсро ба худаш мефаҳмонад. Чунин ҷонишинҳо бо бандакҷонишинҳои соҳибии шахсӣ низ омада метавонад: худ+ам(-он), худ+ам(-он), худ+ат(-он), худ+аш(-он).
Мисол: Худам медонам. Аз паи вай худатон ҳам зудтар биёед (С.А.).
Калимаҳои хеш, хештан муродифи ҷонишини худ мебошанд ва бештар дар назм истеъмол мешаванд:
Хешро мебинам акнун боз дар оғўши ў, Боз мехонам суруди тозае дар гўши ў (М.Т.).
Ҷонишинҳои саволӣ. Ҷонишинҳое, ки барои пурсидани шахс (ки?, киҳо?), предметҳо (чӣ?, чиҳо?), аломати онҳо (чӣ гуна?, чӣ хел?), миқдору тартиби предметҳо (чанд?, чӣ қадар?, чандум?) ба кор бурда мешавад: Аз кӣ ва чӣ гуна сирро фаҳмидӣ (С.А.); Бигў, ки дар куҷоҳо будӣ, чӣ дидию чӣ шунидӣ (Р.Ҷ.). Ҷонишини кӣ? киҳо? танҳо барои пурсидани одамон ва ҷонишини чӣ?, чиҳо? барои пурсидани ҳамаи предметҳои дигар хизмат мекунанд: Кӣ киро дил дод, дил аз кӣ бурд? Кӣ чӣ сон бо кӣ хонаву дар кард?
(М.Т.). Ҷонишинҳои чӣ хел?, чӣ гуна?, чӣ тавр? Баъзан ба маънои таҳсин ва аломати номуайян меоянд: Чӣ тавр нағз, чӣ тавр форам аст ин!... (Ҷ.И.).
Ҷонишинҳои саволии чӣ қадар?, чанд?, чандум? барои пурсидани миқдори предметҳо ва тартиби онҳо ё дараҷаи аломат хизмат мекунанд: Чанд китоб харидед? Дар ошёнаи чандум зиндагӣ мекунед? Дар Тошканд чӣ қадар пул кор кардед? (С.У.). Ҷонишинҳои ишоратӣ. Ҷонишинҳое, ки ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор