Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар Ғарб бошад, ҳамаи системаҳои хат бо роҳи вокалии овоз инкишоф ёфтанд.
Фонография (юн. phōnē – овоз, садодиҳӣ + grafio – менависам). Яке аз намудҳои хат, ки дар он тавассути ҳарфҳои ҷудогона (аломатҳо) ҳиҷоҳои ҷудогона ё овозҳои ҷудогона ифода карда мешавад. Дар фонография ду системаи хат: ҳиҷоӣ (силлабӣ) ва овозӣ (хати фонетикӣ) ба эътибор гирифта мешавад.
Фонология (аз юн. phōnē – овоз), як соҳаи илми забоншиносист, ки сохт ва амали воҳидҳои хурдтарини аз маъно маҳрумбудаи забон (фонемаҳо, ҳиҷоҳо) ва вазифаи онҳоро дар нутқ ҳамчун ҷузъҳои воҳидҳои мураккаби маънодор (морфемаҳо,калимаҳо) меомўзад. Фонология бо ҳамин хусусияташ аз фонетика фарқ мекунад. Фонология омилҳои таҷзияи ҷараёни нутқ ва ҷудо кардани фонемаро ошкор месозад (тафриди ҳамнишинии фонема); масъалаи вариантнокии фонемаро омўхта, сабабҳои дар ҷараёни нутқ ба шакли аллофонҳо (бо истилоҳи дигар – тобишҳо, вариантҳо) зоҳир шудани онро муайян менамояд. Ба фонология ҳамчун таълимот дар бораи фонема забоншиноси рус ва поляк И.А.Бодуэн де Куртенэ (1845–1929) асос гузошт.
Фраза - порчаҳои аз ҷиҳати маъною оҳанг тому муташаккили ҷараёни нутқ. Фраза воҳиди мухобироти амалигардида аст, ки сохти грамматикӣ надорад, вале дорои сохтмони ба худ хоси фонетикӣ, дорои оҳанги худ аст. Маҳз оҳанг фразаро ба вуҷуд меорад. Маркази маъною оҳанги фраза ба унсури аз ҷиҳати маъно ва оҳанг муҳим – ба калимае,ки задаи қавитари фразаро қабул кардааст, рост меояд. Калимае, ки ҳамчун маркази оҳанг задаи фразаро қабул мекунад, дар аксар мавридҳо навои баландтар, қувватнокию кашиши бештар дорад. Ҳудуди фразаҳоро танфисҳои байнифразагӣ ва тағйири тарҳи умумии оҳанг муайян мекунад.
маркази маъною оҳанги фраза ҷои доимии устувор надорад. Дар фразаҳои ахборӣ, ки бо тартиби маъмули сараъзоҳо омадаанд, мавқеи асосиро хабар (феъл) ишғол мекунад: Донишҷўён имтиҳонотро тамом карданд. Фразаҳо аз як ё якчанд синтагма иборат мешаванд. Ду навъи

пешина
аз 389
навбатӣ