Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

фраза: яксинтагмагӣ ва чандсинтагмагӣ (ё мураккаб)-ро фарқ мекунанд.
Талаффуз ва оҳанги яктаркибаю дутаркибаи фраза ба муҳити нутқу мароми гўянда вобаста аст. Масалан, фразаи «Дўсти ман//ҷарроҳи хуб аст» дутаркиба буда, аз гурўҳи мубтадо (дўсти ман) ва хабар (ҷарроҳи хуб аст) ташкил шудааст. Дар фразаҳои саволӣ ва амрӣ муайян кардани ҷои фраза душвор нест, зеро худи тарзи гуфтор ҷои онро муайян мекунад:
Шумо аз кор кай омадед? Ман аз кор соати шаш омадам. Дари берунро кушоед!
Фразеография (навъи хат. Ниг.: хат).
Фразеология (аз юн. phrásis – ибора, ифода ва логия), як қисми забоншиносист, ки маҷмўи таркиб,ибора, ҷумлаҳои рехтаю устувор, қонуниятҳои инкишоф ва категорияҳои лингвистии онҳоро меомўзад.
Чунин ифодаҳои рехтаю устувори забонро воҳидҳои фразеологӣ (фразеологизмҳо) меноманд. Ба воҳидҳои фразеологии забон ду ва ё зиёда калимаҳои мустақилмаъно (масалан, гурги борондида – шахси доно; маккор; салмаи сақат – чизи зиёдатӣ; аз олам гузаштан – фавтидан, чашмаш равшан шуд – таваллуд кард ва ғ.) дохил мешаванд. Воҳидҳои фразеологӣ сохти устувор дошта, унсурҳои таркибии онҳоро тағйир додан мумкин нест. Воҳидҳои фразеологие ҳам ҳастанд, ки ҷузъҳояшон тағйир меёбанд. Масалан, ба ҷои ифодаи аз дилу ҷон баъзан бо дилу ҷон, бо ҷону дил ҳам мегўянд. Бештарини воҳидҳои фразеологӣ дорои тобишу ҷилои хоси миллӣ буда, тарҷумаашон ба дигар забонҳо душвор аст.
Фразеология ҳамчун илми мустақил дар забоншиносии муосир солҳои 40 ва 50 ба вуҷуд омад. Фразеологияи тоҷик таърихи дурру дарозе дорад. Дар аввалин луғатҳо («Луғати фурс», «Фарҳанги сурурӣ», «Фарҳанги ҷаҳонгирӣ», «Бурҳони қотеъ», «Фарҳанги Рашидӣ», «Баҳори Аҷам» ва ғ.) воҳидҳои фразеологӣ низ тафсир ёфтаанд.
Фузия (фр. fusion – ҳамроҳшавӣ, муттаҳидшавӣ). Муттаҳидшавии морфологии решаи калима ҳангоми тағйирёбии фонемаҳо. Ин ҳолат бештар ҳангоми ба калимаҳои решагии тағйирёбанда ҳамроҳ шудани аффиксҳои аз қолаб беруни сермаъно, ки ҳудуди морфемаҳоро вайрон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор