Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ҳодисаҳои зикршударо дар якҷоягӣ бо вазифаҳояшон дар заминаи масолеҳи забони муайян таҳқиқ менамояд. Фонетикаи хусусӣ метавонад сохти овозии забонро дар давраи ҳозираи таърихи инкишофи он (фонетикаи тавсифӣ ё синхронӣ) ва ё дар замони тўлонитар (фонетикаи таърихӣ ё диахронӣ) мавриди омўзиш қарор диҳад. Аҳамияти амалии фонетика дар беҳтар кардани хату алифбо, таълими талаффузи адабӣ, ислоҳи нуқсонҳои нутқ (логопедия ва сурдопедагогика), тарҳрезӣ ва ихтирои дастгоҳҳои фаҳмиши мошинии нутқ бағоят калон аст.
Фонограмма (юн. phōnē – овоз, овоздиҳӣ + gramma – навишта).
Аломати графикие, ки барои ифодаи фонемаҳои алоҳида (бештар дар овознависӣ (транскрипсия) ва ҳарфнависӣ (транслитератсия) ё ҳиҷоҳои ҷудогона (я, ю, ё) ба кор бурда мешавад.
Фонография (хати овозӣ), ки ҳарфҳояш овозҳо ё фонемаҳои ҷудогонаи нутқро ифода мекунанд (хатҳои финиқӣ, юнонӣ, лотинӣ, русӣ, арабӣ ва ғ.). Дар Шарқ аз хати финиқӣ хати оромӣ пайдо шуд, ки қариб ҳамаи хатҳои ҳарфии овозӣ ва баъзе системаҳои ҳиҷоии Осиё аз он сар заданд (аз ҷумла хати паҳлавӣ, хатҳои суғдӣ, монавӣ, хати Авесто, хати хоразмӣ, хати портӣ).
Фонография (хати овозӣ). Ҳарфҳои ин навъи хат овозҳо ё фонемаҳои ҷудогонаи нутқро ифода мекунанд (хатҳои финиқӣ, юнонӣ, лотинӣ, русӣ, арабӣ). Системаҳои ҳарфии овозӣ ду навъанд: 1) овозии ҳамсадоӣ (финиқӣ, угаритӣ, ибронӣ, оромӣ, арабӣ), ки дар онҳо аломатҳои асосии хаттӣ (ҳарфҳо) танҳо овозҳои ҳамсадоро ифода мекунанд; 2) садоии овозӣ (юнонӣ, лотинӣ, русӣ ва ғ.), ки аломатҳои хаттии онҳо овозҳои ҳамсадо ва садонокро баробар ифода мекунанд. Ҳамаи хатҳои ҳарфии овозӣ аз хати финиқӣ ибтидо гирифта, ба ду самти асосӣ густариш ёфтаанд. Дар Шарқ аз хати финиқӣ хати оромӣ пайдо шуд, ки қариб ҳамаи хатҳои ҳарфии овозӣ аз он сар задаанд (аз ҷумла, хати паҳлавӣ, хати суғдӣ, хати монавӣ, хати Авесто, хати хоразмӣ, хати портӣ). Дар Ғарб аз хати финиқӣ хати юнонӣ ба вуҷуд омад, ки асоси ҳамаи системаи хатҳои аврупоиён гардид.

пешина
аз 389
навбатӣ