Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

ҷонишини шахси якуми ҷамъи мо дар ифодаи хоксорию фурўтанӣ (ба фикри мо, ин ақида чандон дуруст нест) ба кор бурда мешавад. Шакли замони ҳозира-ояндаи феъл гоҳо ба маънои амали бардавом истифода мешавад: Баъд аз ин гулҳоро ба халтаҳои коғазии махсус печонида, то пагоҳии рўзи дигар нигоҳ медоранд. Дар услуби илмӣ калима, таркиб, ибора ва ҷумлаҳои туфайлӣ зиёд истифода мешаванд: хулоса, пас, ба ин тариқ, аввалан, сониян, мувофиқи нишондоди…: Назар ба қавли Бедил баъд аз давраи ширхорагиаш падараш вафот карда, ў ятим мондааст (С.А.). Дар услуби илмӣ ҷумлаҳои мураккаби тобеъ бисёр истифода мешаванд, ки бо хелҳои гуногуни ҷумлаҳои пайрав воқеъ мегарданд.
Алоқаи байни қисмҳои матнҳои илмӣ ба туфайли воситаҳои синтаксисии пас, хулоса, бинобар ин, аз ин рў воқеъ мегардад.
Услуби публитсистӣ. Услубе, ки дар таълифоту навиштаҳои иҷтимоию сиёсӣ, дар матбуот (рўзнома ва маҷаллаҳо), гуфтори шифоҳии арбобони сиёсию давлат ва илму адаб истифода мешавад. Воситаҳои забонӣ дар ин услуби нутқ ду вазифаи муҳимро, ки бо ҳам алоқаи мустаҳкам дорад, адо мекунанд. Аз як тараф, онҳо ба вазифаи иттилоъ (хабаррасонӣ) воқеъ гашта, оммаро аз рўйдодҳои зиндагӣ огоҳ созанд, аз тарафи дигар, вазифаи тарғибу ташвиқотро ба ўҳда гирифта, мардумро барои иҷрои ҳарчи зудтари қарору дастурҳои ҳукумат, ҳизбҳои сиёсӣ раҳнамун месозанд. Ин услуб бояд ба забони сода, ҳамафаҳм ва муассиру таъсирбахш воқеъ гардад. Рўзнома ба оммаи васеъ нигаронида мешавад.
Ин ҳама талаб мекунад, ки забони рўзномаҳо содаю оммафаҳм бошад.
Хусусияти тарғиботии услуби публисистӣ, аз ҷумла рўзномаю маҷалла тақозо дорад, ки дар он воситаҳои муассири сухан – маҷоз, тавсиф, ташбеҳ, ташхис фаровон истифода шаванд. Аз ин рў, дар ин услуби нутқ воситаҳои ақлӣ (интеллектуалӣ) ва бадеӣ (эҳсосӣ) якҷоя воқеъ мегарданд.
Сарфаи воситаҳои забонӣ, истифодаи калима ва таъбирҳое,ки барои омма фаҳмо ва дастрасанд, фаровонии калима ва ибораҳои фразеологии сиёсию иҷтимоии мамлакатҳои мутараққӣ, шартномаи сулҳ, сафари расмӣ, интихоби Раиси ҷумҳур, зиддияти ҳарбӣ, сиёсати ҳамзистӣ ва ғ., омезиши

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор