Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

услуби идорӣ омода шудаанд; г) ҳар се шохаи услуби расмии коргузорӣ дорои истилоҳоти хоси худ аст, ки дар навиштаҳои онҳо сахт риоя мешаванд; д) ифодаи равшани маънӣ, ҳифзи алоқаи байни ҷумлаҳои мураккаб дар услуби идорӣ талаб мекунанд,ки дар он пешояндҳои номии таркибии амсоли дар бораи, дар хусуси, дар боби, оид ба, роҷеъ ба, ба сабаби, ба мақсади ва ғ., пайвандакҳои таркибии амсоли аз сабаби он ки, бинобар ин ки ва таркибҳои гуногуни устувори синтаксисӣ амсоли бинобар ин, ба ин сабаб, ба ин тариқ фаровон истифода шаванд.
Услуби илмӣ. Услубе, ки яке аз муҳимтарин шохаҳои услуби китобӣ (хаттӣ) ба шумор рафта, дар таълифи мақола, рисола, китобҳои дарсӣ ва ғайра оид ба илму техника истифода мешавад. Таълифоти илмӣ аз рўи хусусиятҳои умумиашон шабеҳи ҳамдигаранд. Дар услуби илмӣ бо роҳи истифодаи фаровони далел ва рақамҳо қонуниятҳои гуногуни илмӣ кашф ва маънидод мешаванд. Ин боиси он мегардад, ки воситаҳои забонӣ дар услуби илмӣ хусусияти муҷаррад ва умумӣ, ҷамъиятӣ касб намоянд.
Масалан, агар гўем, ки грамматика тағйири калимаҳо ва бо ҳам пайваст шудани онҳоро дар ҷумла меомўзад, воҳидҳои луғавии грамматика, калима, ҷумла дар он на мафҳуми мушаххас (конкрет), балки мафҳуми умумӣ ва номушаххасро ифода менамоянд. Услуби илмӣ ба ду шохаи калон – шохаи марбут ба илмҳои табиию дақиқ ва илмҳои иҷтимоӣ ҷудо мешавад. Хусусиятҳои умумии ҳарду шоха дар бобати истифодаи воситаҳои забон инҳоянд: 1. Истифодаи фаровони истилоҳоти илмӣ ва калимаҳое, ки мафҳумҳои муҷаррадро ифода менамоянд: садонок, ҳамсадо, реша, асос, бандак, калима, ибора, ҷумла, матн, ҳол ва ғ. дар забоншиносӣ; ғазал, қасида, қофия, радиф, вазни арўз, матлаъ дар адабиётшиносӣ; тарҳ, ҷамъ, сурат, махраҷ, қимат, дараҷа, адад дар соҳаи ҳисоб. 2. Дар услуби илмӣ таъбирҳои фразеологии дорои обуранги бадеию эҳсосӣ (идиомаҳо, мақолу зарбулмасалҳо ва ғ. аҳёнан истифода мешаванд. Истилоҳи таркибии амсоли қафаси сина, сандуқи дил, рўдаи дувоздаҳангушта, ҳамраҳи сунъии замин (радифи маснуи замин) ва баъзе таркибу ибораҳои устувор низ кор фармуда мешаванд. Дар услуби илмӣ

пешина
аз 389
навбатӣ