Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

муҳимтарин омилҳои тағйир ва такмили меъёрҳои адабист. Унсурҳои забони умумихалқӣ бештар тавассути заҳмати арбобони адаб сайқал ёфта, ранги адабӣ касб мекунанд. Адабиёт санъати суханварист. Бе забони хуб асари хуб офаридан мумкин нест. Услуби бадеӣ дар забони тоҷикӣ таърихи қадими оламшумул ва пуршўҳрате дорад. Сухансароёни сершумори тоҷику форс таи бештар аз даҳ аср сарват бар сарват ва фасоҳат бар фасоҳати ин шохаи услуби забонамон афзуда, онро ба мақоми олии инкишоф бардоштаанд.
Услуби гуфтугўӣ. Услубе, ки дар алоқаю робитаи шифоҳӣ, ғайрихаттии аҳли ҷамъият кор фармуда мешавад. Воситаҳои забонӣ дар ин услуб бе омодагии махсус, дар рафти сўҳбат, ки байни шахси гўянда ва шунаванда мустақиман сурат мегирад, озодона истифода мешаванд.
Шакли маъмули услуби гуфтугўӣ муколама (гуфтугўйи миёни ду кас ё ашхоси зиёд) мебошад. Дар муколама (диалог) табдили фикр одатан ба тарзи мустақим сурат мегирад. Чунин хусусиятро муҳимтарин хусусияти забони услуби гуфтугўӣ таъмин менамояд, ки иборат аз инҳост: саволу ҷавоб, кутоҳбаёнӣ, ҷумлаҳои мухтасару нопурра, озодии ҷойи аъзоҳои ҷумла, фарвонии калима ва воҳидҳои луғавии гуфтугўӣ, иштироки воситаҳои ғайризабонӣ, аз қабили ҳаракати чашму абрў, имову ишорат ва м.и.
Услуби идорӣ. Услубе, ки дар се соҳа истифода мешавад: а) қонунгузорӣ; б) коргузории идорӣ; в) муносибати дипломатӣ. Ин ҷиҳат боиси пайдо шудани шаклҳои алоҳида дар дохили услуби мазкур шудааст, ки услуби нигориши қонун, ойиннома, раҳнамо, шартнома, фармон, ваколатнома, акт, ариза ва ғ. аз ҷумлаи онҳост. Услуби идорӣ низ дорои хусусиятҳои махсуси забонист, ки муҳимтарини онҳо инҳоянд: а) тарзи ифодаи содаю мўҷаз, ҳаддалимкон сарфа намудани воситаҳои забонӣ; б) истифодаи воситаҳои гуногуни якшаклу ҳамранги қолабӣ; в) бештарини ҳуҷҷатҳои идорӣ қолабҳои якрангу умумӣ доранд. Ба ин мақсад одатан варақаҳои тайёр низ истифода мешаванд. Тарҳрезии шиноснома, шаҳодатнома, гувоҳнома, лифофа ва амсоли ин аз рўйи ҳамин талаби

пешина
аз 389
навбатӣ