Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

аломатҳои услубҳои дигар бо аломатҳои услуби публисистӣ муҳимтарин аломатҳои забони рўзномаанд.
Услубиёти аъзоҳои чидаи ҷумла. Аъзоҳои чидаи ҷумла барои пурратар тасвир намудани ашёҳо, ҳодисаю воқеаҳо, қувват додани ҷиҳати эмотсионалӣ ва ифоданокии нутқ кўмак мерасонанд. Дар ҷумла аъзоҳои чида бо калимаҳои ҳамҷинс ифода ёфта, бо интонатсия ва ё пайвандакҳои пайвасткунанда алоқаманд мешаванд. Дар матни асари бадеӣ аъзоҳои чида бо ҳамдигар ҳамоҳангӣ пайдо карда, барои суфта ва равон ифода кардани фикр ёрӣ медиҳанд: Ман рўйи туро, мўи туро, бўи туро дўст медорам, ман чашми туро, чашми бехашми туро, суми чун яшми туро дўст медорам (С.А.). Аъзоҳои чида интонатсияи хос доранд ва бо танфиси кўтоҳ ҷудо карда мешаванд. Дар сурати паиҳам омадани калимаҳои ҳамоҳанг интонатсияи нутқ ҳам пай дар пай баландтар гардида, ба ҳадди охирин мерасад. Дар натиҷа фикр пурҳаяҷон ва таъсирбахш ифода мешавад. Хусусан дар мавриди ба ҷумлаҳои содаи мустақил табдил ёфтани мубтадоҳои чида хусусияти ифоданокии нутқ барҷастатар аён мегардад: Дузд касест, ки бе боис ба хонаи мазлумони бекас пахш карда медарояд, дузд касест, ки бечораи беяроқро ба даст дароварда, ба сараш шамшер мекашад ва ба синааш милтиқ мениҳад; дузд касест, ки мардумони бечораи ба кори худ машғулро бесабаб мебандад, мебарад, мезанад, мекушад; дузд касест, ки на танҳо моли фақиронро мегирад, балки зан, фарзанд, номус ва обрўи бечорагонро ҳам помол мекунад. агар ҳанўз ҳам кӣ будани дуздро надониста бошӣ, шунида мон, ки худи ту дузд, амлокдорат дузд, ҳокимат дузд, амират дузд, вазират дузд, қозию раисат дузд! Шунидӣ (С.А.).
Услубиёти воҳидҳои фразеологӣ. Муҳимтарин хусусияти воҳидҳои фразеологӣ он аст, ки ба монанди ибора ва ҷумлаҳои синтаксисӣ дар ҷараёни нутқ ташкил намеёбанд, балки чун воситаи тайёри забонӣ дар қолаби рехтаи маъмул истифода мешаванд. Масалан, таъбири «каждуми таги бўрё»-ро мегирем. Маънои асосии ин бора дар қолаби озоди синтаксисӣ равшан аст: вай ҳашароти заҳрдори маълумест, ки зери бўрё

пешина
аз 389
навбатӣ