Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

топонимӣ, низоми топонимӣ, омўзиши топонимӣ, субстрати топонимӣ, топонимизатсия, топонимшинос, топонимии сатҳизаминӣ, топонимии хотиравӣ, топонимияи ривоятӣ. Топонимика маҷмўи номҳои ҷуғрофиро ба 3 гурўҳи алоҳида: топонимия, микротопонимия ва макротопонимия гурўҳбандӣ менамояд. Топонимика бо ҷуғрофия, генеология, матншиносӣ, адабиётшиносӣ, геология, демография ва кишваршиносӣ робитаи зич дорад. Дар таҳқиқу омўзиши назария ва амалияи топонимияи забонҳои эронӣ, аз ҷумла забони тоҷикӣ муҳаққиқони ватанию хориҷӣ саҳми зиёд доранд: Дж.И.Эделман, В.С.Расторгуева, А.З.Розенфелд, И.М.Стеблин Каменский, В.В.Бартолд, М.Н.Боголюбов, Р.Х.Додихудоев, Ҷ.Алимӣ, О.Ғафуров, Д. Ҳомидов, Ш.Ҳайдаров, А.Абдунабиев, Н.Офаридаев, Ш.Исмоилов, М.Шодиев.
Транскрипсия (аз лот. transcription – рўнавис кардан), овонавишт, таҷдиди хаттии овоз, калимаҳою матнҳо тавассути ягон системаи алифбо.
Се навъи транскрипсия – фонетикӣ, фонематикӣ ва амалӣ вуҷуд дорад.
Дар транскрипсияи фонетикӣ нутқ (ҷиҳати овозии забон) бо тамоми хусусиятҳою тобишҳои овозиаш инъикос меёбад. Масалан, калимаҳои асбоб, ресмон, чашмбандро дар асоси алифбои имрўзаи тоҷикӣ ва алифбои лотинӣ чунин овонавишт кардан мумкин аст: аспӯб, ресмӯн, чашмбанд.
Ин навъи овонавишт дар луғатҳои дузабона, китобҳои дарсӣ, дастурҳо барои омўзиши забони бегона, дар таҳқиқи лаҳҷаҳои номаълум ё камомўхташуда истифода мешавад. Дар овонавишти фонетикӣ (фонологӣ) ҳар як фонема ба як аломати муайян мувофиқат мекунад: , , . Овонавишти фонетикиро дар қавсайни мураббаъ [ ] ва овонавишти фонематикиро дар қавсайни уреб ( ) ё шикаста мегиранд. Одатан барои ҳар ду навъи овонавиштӣ алифбои лотиниро бо иловаи ҳарфҳои юнонӣ ва аломатҳои зиёдӣ диакритикӣ истифода мебаранд. Дар таҳқиқу омўзиши забонҳои эронӣ транскрипсияи байналхалқии эронӣ (ТБЭ) истифода мешавад, ки дар заминаи алифбои лотинӣ бо иловаи баъзе аломату ҳарфҳо аз алифбоҳои юнонию чехӣ мураттаб шудааст. Транскрипсияи амалӣ як навъи транскрипсия буда,

пешина
аз 389
навбатӣ