Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Қад-қади роҳ, сар-сари бому деворҳо, домани дашту саҳро – ҳама ва ҳама ҷо аз гулҳои лолаи худрўй сурхӣ дошт (аз рўзнома).
Тобеӣ. Муносибати байни калимаҳои мустақилмаъно дар ибораю ҷумла, инчунин байни қисмҳои предикативии ҷумлаи мураккаб, ки баробарҳуқуқ нестанд: муносибати байни онҳо табдилнаёбанда буда, нишондиҳандаи ин муносибат танҳо дар таркиби яке аз онҳо, ки тобеъкунанда аст, ба воситаи як калима (калимаи нисбӣ) ифода меёбад:
Хислати хубаш ҳамин аст, ки ҳамеша дар гирду атрофии худ ҷавононро ғун карда, ба онҳо насиҳатҳои падарона мекард (Р.А.). Намудҳои асосии тобеӣ дар ибора ва ҷумла инҳоянд: алоқаи вобастагӣ, алоқаи ҳамроҳӣ.
Тобиши маъноӣ. Тобиши маъноӣ дар заминаи аз маънои аслӣ дур ва ба маънои нисбатан дигар кор фармуда шудани калимаҳо ба вуҷуд меояд:
Ҷомаи танг – чашми танг; биринҷфурўш – гапфурўш. Тобишҳои маъноӣ бештар дар ифодаҳои маҷозӣ дида мешаванд.
Топоним (номи ҷуғрофӣ, номи мавзеи ҷуғрофӣ) – гурўҳе аз онимҳо.
Номи мавзеи табиию ҷуғрофӣ ва ё аз ҷониби инсон дар сайёраи замин сохташуда, ки дар минтақаҳои алоҳида (шаҳр, деҳа, қитъа, замин) мушаххасан ба қайд гирифта шудааст, аз ҷумла гидроним, айконим, ороним, спелеоним, хороним, урбаноним, инсулоним, некроним.
Топонимика (аз юн. tӯpos – маҳал, макон ва onyma – ном), як ҷузъи ономастика, ки таъриху пайдоиш, инкишоф, маъною мундариҷа ва макони интишори номҳои ҷуғрофӣ (топонимҳо)-ро меомўзад. Барои шумораи номи маҳалҳои калон истилоҳи «макротопоним», барои номи маҳалҳои хурд «микротопоним»-ро истифода мебаранд. Топонимика ба ҷузъҳои дигар – гидронимика (илмест оид ба номи объектҳои табиӣ ва сунъии об), космонимика (илмест оид ба номи ҷирмҳои осмонӣ), ойконимика (илмест оид ба номи маҳалҳои аҳолинишин), оронимика (илмест оид ба номи унсурҳои рельефи рўи замин). Топонимика бо илмҳои таърих, география алоқаманд аст. Дар забони тоҷикӣ истилоҳот ва лексикаи зерини марбут ба топонимика мустаъмал аст: антропоним, асоси топонимӣ, калимасозии топонимӣ, майдони топонимӣ, минтақаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор