Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

(асрҳои 4-3то милод – асрҳои 7–8); 3) давраи нави эронӣ (аз асрҳои 8–9 то замони мо). Забонҳои қадими эронӣ ба забонҳои қадими Ҳинд хеле наздиканд ва аз як забони мабдаъ пайдо шудаанд. Ин забони мабдаъро муҳаққиқон забони ориёнӣ меноманд, ки байни ду давра – ҳиндуаврупоӣ ва эронии қадим – марҳалаи таърихиеро ташкил медиҳад.
Текст (ниг.: матн).
Тема. Дар таҷзияи актуалии ҷумла ҷузъест,ки дар он ягон чизи маълуму ба гўянда шинос ифода ёфтааст ва манбаи пайдоиши ин ё он ифодаи номаълум – нав (ҷавҳар – ядрои сухан ё рема) мебошад. Тема маъмулан дар аввал пеш аз рема меояд.
Термин (ниг.: истилоҳ).
Тилда (исп. tilde – аломати болоиҳарфиест, ки тарзи нарму мулоим талаффуз кардани ин ё он овозро ифода мекунад. Тилда аломати диакритикӣ буда, ба шакли хати мавҷнок дар луғатҳо ба ивази (ҷои) калимаҳои такрор ва ё такрори ягон ҷузъи он кор фармуда мешавад).
Тире (–) вазифаи маъноиву грамматикӣ дорад ва мавридҳои истифодаи он инҳоянд:
- Дар байни мубтадо ва хабарҳои номие гузошта мешавад, ки бандакҳои хабарӣ ва феълҳои ёридиҳандааш тахфиф шудаанд:
Абўабдуллоҳ Рўдакӣ – асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик. Ман
– донишҷў. - Ҳудуди баёншаванда ва баёнияро ҷудо мекунад: Корҳои ҳуҷраро
– пухтупаз, шустушўй ва рўбучинро пурра акаам мекард (С.А.). - Дар муколама пеш аз сухани ҳар як гўянда гузашта мешавад:
– Момо!
– Ҷони момо.
– Бобом тарсид? – овози писарак маҳзун баромад.
– Аз кӣ, бачаҷон?
– Аз ҳамон паҳлавон... (А.С.). - Аломати тире пеш аз калимаи хулосакунандае гузошта мешавад, ки пас аз аъзои чида омадааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор