Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

хуррам, малла) ва иқтибосӣ ҷудо мекунанд. Аксари калимаҳое, ки ташдид доранд, арабиасланд: аббос, аввал, аммо, аттор, баққол, вассоф ва м.ин.
Калимаҳои мушаддати арабӣ ба ин ё он қолабу вазни калимасозӣ ё навъи грамматикӣ мутааллиқанд. Барои намуна чанде аз ин қолабу вазнҳоро меорем: муфаъъал: муарраб, муаттар, мубаддал, мудаввар; муфаъъил:
муалим, муаллиф, муаррих, муассир; мутафаъъил: муташаккил, мутафаккир, мутахассис; тафаъъул (масдари боби панҷум): тааҷҷуб, такаббур, таваллуд; фаъол: вассоф, наққош, баққол, рассом, ҷаллод, ҷарроҳ; талаффуз – маҷмўи вижагӣ ва хусусиятҳои артикулятсияи тазодҳои нутқ дар забонҳои ҷудогона. Талаффузи дурусти адабӣ талаффузест, ки мутобиқи меъёрҳои орфоэпии ин ё он забон сурат мегирад. Талаффузи адабӣ мутобиқи низоми фонологии забон, яъне аз маҷмўи фонемаҳо, қоидаҳои корбасти онҳо, бадалшавӣ, ҳамнишинӣ ва сарбории онҳо вобастагӣ дорад. Дурустию нодурустии талаффуз (меъёрҳои орфоэпӣ) категорияи таърихист.
Таърихи забон, як соҳаи илми забоншиносист, ки масъалаҳои гуногуни пайдоиш, ташаккул ва инкишофи забонро меомўзад. Забон чун «муҳимтарин воситаи алоқаи муошрата воҳиди ягонаи пойдору мутаҳаррик, устувору тағйирёбанда дорои зиддиятҳои қонунии равнақу инкишоф мебошад. Дар ҳар давраи инкишофи забон дар ҷамъият майлони ба сода намудани забон вуҷуд дорад. Аҳли илму адаб дар осори худ дигаргуниҳоеро ба системаи забон ворид мекунанд,ки онҳо бо мурури замон хусусиятҳои нави забонро пайдо мекунанд. Чунин тағйиротҳо, пеш аз ҳама, дар таркиби луғавӣ, овозӣ ва воҳиди грамматикии забон пайдо мешаванд. Дар таърихи забон ҳамин гуна тағйироту дигаргуниҳои сохту системаи забон мавриди омўзиш қарор мегиранд. Аз ин рў, масъалаҳои таърихи забон вобаста ба воқеаҳои муҳимтарини таърихи халқ омўхта мешавад. Ҳар як забон марҳалаҳои гуногуни инкишофро аз сар мегузаронад. Масалан, таърихи забонҳои эронӣ, ки забони тоҷикӣ яке аз онҳост, се марҳила дорад: 1) давраи қадими эронӣ (аз давраҳои қадимитарин то асрҳои 4-3 то милод); 2) давраи миёнаи забонҳои эронӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор