Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

гузашта сохта шудаанд, ба тасрифи навъи дуюм тааллуқ доранд. Дар сиғаи хабарӣ замони гузаштаи сода (хондам), замони гузаштаи ҳикоягӣ (мехондам), замони гузаштаи дур (хонда будам) бо ҳамин тасриф тағйир меёбанд. Аз ин шаклҳо шахси сеюми танҳо бандак надорад ва бо асоси замони гузашта (хонд) баробар аст: хонд-ам, хонд-ӣ, хонд, -ем, -ед, -анд; мехонд-ам, мехонд-ӣ, мехонд, -ем, -ед, -анд; хонда буд-ам, хонда буд-ӣ, хонда буд-ем, -ед, -анд. Шаклҳои тасрифии феълие, ки аз сифатҳои феълӣ сохта шудаанд, ба тасрифи сеюм тааллуқ доранд.
Тахфиф, тағйироти овозие, ки дар муҳити безадагӣ воқеъ мегардад.
Тахфиф бештар хоси садонокҳост, зеро онҳо воситаҳои ҳиҷосоз мебошанд. Вобаста ба навъи тағйирот ду навъи тахфиф – сифатӣ ва миқдорӣ фарқ карда мешавад. Дар тахфифи миқдорӣ вақте ки барои тавлиди садонок лозим аст, кам мешавад. Масалан, садоноки [а] дар ҳолати заданок (қавӣ) дар калимаи дар бо тамдиди лозим талаффуз мешавад, аммо дар ҳолати заъиф (сафед) тамфиди худро хеле кам мекунад, тахфиф меёбад. Тахфиф яке аз хусусиятҳои вокализми безадаи забони адабии тоҷикист, вале он хоси ҳамаи садонокҳо нест. Садонокҳои тоҷикиро ба ду гурўҳ ҷудо мекунанд: а) садонокҳои устувор: (э, ў, о) ва садонокҳои ноустувор (и, а, у). Ин гурўҳҳои садонокҳо дар ҳиҷои кушода моқабли ҳиҷои заданок равшантар маълум мешавад. Дар ин ҳолат садонокҳои ноустувор аз ҷиҳати миқдору сифат сахт тағйир меёбанд, вале садонокҳои устувор тамдиду сифати худро нигоҳ медоранд.
Ташдид. Маънои истилоҳии калимаи ташдид аломати расми хат ( ّ ), ки шиддатнок кардани овоз, ду бор талаффуз кардани онро нишон медиҳад. Дар забони арабӣ ташдидро ба маънои дуюмаш «шадда» ва калимаҳои шаддадорро мушаддат низ мегўянд. Мавҷуд будани ташдид, яъне ҳамсадоҳои такрор хоси забонҳоест, ки дар онҳо дар ҷараёни гуфтор ба 100 фонемаи садонок аз 110 то 150 фонемаи ҳамсадо рост меояд. Ба ин гурўҳ забонҳои туркӣ, кореягӣ, финӣ, арабӣ, итолиёвӣ, ирландӣ ва ғайраҳо дохил мешаванд. Аз ҷиҳати баромад калимаҳои ташдиддорро ба калимаҳои аслии тоҷикӣ (акка, арра, бутта, дабба, дакка, пурра, тилло,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор