Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

низ меноманд; 2) Забонҳои агглютинативӣ (финну угорӣ, туркӣ, муғулӣ, банту, дравидӣ ва ғ.) дорои системаи мураккаби вандҳои калимасозу шаклсоз мебошад. Ҳудуди байни морфемаҳо хеле равшан зоҳир мешавад; 3) Забонҳои флективӣ (ҳиндуаврупоӣ ва сомию ҳомӣ), вандҳои зиёд доранд, ки онҳо сермаъно буда, ҳар яки онҳо якчанд маънои грамматикиро ифода карда метавонад.
Таснифоти типологӣ ё морфологӣ усули аз рўи сохт ба гурўҳҳо ҷудо кардани забонҳост. Аз рўи ин усул забонҳои олам басе типи асосӣ ҷудо мешаванд: 1) Забонҳои оморфӣ ё ғайритаснифӣ (хитоӣ, таӣ, бирмагӣ,ветнамӣ, йоруба ва ғ.). Дар ин забонҳо калимаҳо ба тағйирот дучор намешаванд. Алоқаи синтаксисии байни онҳо дар ҷумла аз рўи ҷояшон муқаррар мешавад. Ин забонҳо аффиксҳои шаклсоз надоранд; 2) Забонҳои агглютинативӣ (финну угорӣ, туркӣ,муғулӣ, банту, дравидӣ ва ғ.) дорои системаи мураккаби аффиксҳои калимасозу шаклсоз мебошанд.
Ҳудуди байни морфемаҳо хеле равшан зоҳир мешавад; 3) Забонҳои флективӣ (ҳиндуаврупоӣ ва ҳомию сомӣ) аффиксҳои зиёд доранд. Аммо ин аффиксҳо сермаъно буда, ҳар яки онҳо якчанд маънои грамматикиро ифода карда метавонад.
Тасриф, вобаста ба шахс, шумора ва замон тағйирёбии феълҳоро гўянд. Тасриф бо бандакҳои феълию хабарӣ ифода шуда, ба замону сиғаҳо низ вобастагӣ дорад. Шаклҳои феълии забони тоҷикӣ се навъанд.
Шаклҳое, ки аз асоси замони ҳозира сохта шудаанд, ба тасрифи якум мансубанд. Дар сиғаи хабарӣ шаклҳои замони ҳозира-оянда (мехонам) ва феъли ёридиҳандаи замони оянда ҳамин тавр тасриф мешаванд (ме-хонам, мехон-ӣ, мехон-ад, -ем, -ед, -анд; хоҳам хонд, хоҳӣ хонд, хоҳед хонд, - ем, -ед, -анд). Ҳамаи шаклҳои сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ низ ҳамин тавр тасриф меёбанд (хон-ам, хон-ӣ, хон-ад; -ем, -ед, -анд; хонда бошам, хонда бошӣ, хонда бошад, -ем, -ед, -анд; мехонда бош-ам, мехонда бош-ӣ, мехонда бош-ад, -ем, -ед, -анд; хонда истода бош-ам, хонда истода бош-ӣ, хонда истода бош-ад; -ем, -ед, -анд). Шаклҳои сиғаи амрӣ ҳам ҳамин тарз тасриф мешаванд (хон-хонед). Шаклҳои феълие, ки аз асоси замони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор