Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

овозии оилаи забонҳо ва вазъи ибтидоии фонемаҳоро барқарор мекунад.
Мувофиқи тадқиқоти забоншиносон имрўз дар Евроосиё оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ, уралӣ, шохаҳои фину угорӣ ва самодӣ, туркӣ, картвелӣ, муғулӣ, тунгусию манҷурӣ, сомию ҳомӣ, дравадӣ ва ғ. маъмуланд.
Таснифоти забонҳо, омўзишу табақабандии забонҳо аз рўи аломату хусусиятҳои асосии онҳо. Ду тарзи таснифи забонҳо маълум аст:
генеалогӣ ва типологӣ. 1. Таснифоти генеалогӣ (аз юн. genealogia – насаб, шаҷара) вобаста ба умумияти пайдоиш ва дараҷаи хешӣ ба гурўҳҳо ҷудо кардани забонҳост. Забонҳои хеш умумияти зиёде доранд. Масалан, дар забонҳои гурўҳи эронӣ номи узвҳои бадан, мафҳумҳои хешу таборӣ, фаслҳои сол, муҳимтарин феълҳо, ҷонишинҳо, баъзе шумораҳо ва пешванду пасвандҳо монанданд. Барои муқаррар намудани таърихи пайдоишу дараҷаи хешии забонҳо маводи фонетикаи муқоисавии таърихӣ истифода мешавад, ки он мувофиқати ҳамешагии овозии оилаи забонҳо ва вазъи ибтидоии фонемаҳоро барқарор мекунад. Масалан, ба ин восита собит шудааст, ки калимаҳои тоҷикии padar, pisar, noy ва осетнии fida, furd, fad аз калимаҳои умумиэронии pita, puθra, pada ба вуҷуд омадаанд.
Мувофиқи тадқиқоти забоншиносон имрўз дар Евроосиё оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ, уралӣ, шохаҳои фину угорӣ ва самодӣ, туркӣ, картвелӣ, муғулӣ, тунгусию манҷурӣ, сомию ҳомӣ, дравидӣ ва ғ. маъмуланд. Ба кадом оила тааллуқ доштани бисёр забонҳо (баскӣ, бурушаскӣ, японӣ, кореягӣ ва баъзе забонҳои матрук: шумерӣ, касситӣ, хеттӣ равшан нашудааст. Якчанд оилаи забонҳо – туркию муғулӣ, тунгусию манҷурӣ ва ҳатто кореягию японӣ ба як оилаи калон – олтоӣ нисбат дода шудаанд. 2.
Таснифоти типологӣ ё морфологӣ усули аз рўи сохт ба гурўҳҳо ҷудо кардани забонҳост. Аз рўи ин усул забонҳои дунё ба се типи асосӣ ҷудо мешаванд: 1) Забонҳои аморфӣ ё ғайритасрифӣ (хитоӣ, таӣ, бирмагӣ ветнамӣ, йоруба ва ғ.). Дар ин забонҳо калимаҳо ба тағйирот дучор намешаванд. Алоқаи синтаксисии байни онҳо дар ҷумла аз рўи ҷояшон муқаррар мешавад. Ин забонҳо вандҳои шаклсоз надоранд. Калима дар ин забонҳо ба асос (реша) баробар аст. Аз ин рў онҳоро забонҳои решагӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор