Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

шудани амали фоилро мефаҳмонад: Ҳоло ту рафта аз дўкони баққолӣ нону ангур гирифта, ба бачаҳо бурда хўрон (Ҷ.И.).
Тарзҳои феъл. Ба туфайли гуногунии хел ва шаклу тарзи ифода табиат ва хусусияти робитаҳои грамматикии феълҳо, муносибати феъл бо фоилу мафъул муайян мегардад. Феълҳои монда ва гузаранда, бевосита ва бавосита, тарзи фоилӣ ва мафъулӣ ҳамин қисмати феълро ташкил медиҳанд.
Таркиби луғавии забон, маҷмўи калимаҳо (лексика)-и ин ё он забон, аз ҷумла неологизмҳо (наввожаҳо), лексикаи шевагӣ, жаргонизмҳо, истилоҳот ва ғайраро гўянд. Таркиби луғавии забон системаи муташаккиле буда, дар он калимаҳо аз ҷиҳатҳои гуногун ба якдигар марбутанд (синонимҳо, омонимҳо, антонимҳо ва ғ.). Калимаҳои таркиби луғавии забон аз ҷиҳати дараҷаи истифодаву истеъмол ба ду гурўҳ – фаъол ва ғайрифаъол ҷудо мешаванд. Луғати фаъол калимаҳоеанд, ки ба ҳамаи соҳибони забон фаҳмоанд ва дар гуфтугўи мардум ҳамеша озодона истифода мешаванд. Калимаҳои таърихии маҳфузшуда, архаизмҳо, калимаҳои нави истеъмолашон умумӣ нагардида, истилоҳоти илмӣ, калимаҳои мансуби пешаю ҳунар, ки дар доираи маҳдуди соҳибони забон истифода мешаванд, ба гурўҳи луғатҳои ғайрифаъол дохиланд. Дар инкишофи таърихи забон гузариш аз гурўҳи фаъол ба нимафаъол ва баръакс ҳодисаи муқаррарист. Таркиби луғавии забон дар ҷараёни пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ аз ҳисоби қонуниятҳои дохилии забон, махсусан калимасозӣ ва калимаҳои иқтибосии забонҳои дигар бой мешавад ва такмил меёбад.
Таснифоти генеалогӣ (аз юн. genalogia – насаб, шаҷара) вобаста ба умумияти пайдоиш ва дараҷаи хешӣ ба гурўҳҳо ҷудо кардани забонҳост.
Забонҳои хеш умумияти зиёде доранд.Масалан, дар забонҳои гурўҳи эронӣ номи узвҳои бадан, фаслҳои сол, муҳимтарин феълҳо, ҷонишинҳо, баъзе шумораҳо ва аффиксҳо ба ҳам монанданд. Барои муқаррар намудани таъриху пайдоиши дараҷаи хешии забонҳо маводи фонетикаи муқоисавии таърихӣ истифода мешавад,ки он мувофиқати ҳамешагии

пешина
аз 389
навбатӣ