Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Тарзи мафъулӣ. Тарзи мафъулӣ муносибати мураккаби байни фоил (мубтадо), мафъул (пуркунанда) ва феъл (амал ё ҳолат)-ро ифода мекунад.
Дар тарзи мафъулии феъл фоили аслӣ (иҷрокунандаи амал) ҳамчун мафъул (пуркунандаи бавосита), мафъули аслӣ бошад, ба вазифаи фоил (мубтадо) меояд: Муҳаббат ва самимияти ин пирони хушбахт беҳтарин мукофотест, ки ба вай аз тарафи халқ изҳор карда мешавад (Ҷ.И.). – Тарзи фоилии ин ҷумла: халқ ба вай изҳор мекунад. Тарзи мафъулӣ низ вобаста ба шакл ва тобишҳои маънои феълҳо ду хел мешавад: бевосита ва бавосита. Тарзи мафъулии бевосита аз феълҳои гузаранда бо ёрии феъли шудан сохта мешавад: Аз дур садои моторҳо, гулдуроси ба санг хўрдани оҳанҳо шунида шуд (Ҳ.К.). Тарзи мафъулии бавосита аз тарафи фоилии бавосита бо феъли ёридиҳандаи шудан сохта мешавад ва амали бо ягон восита иҷрошударо мефаҳмонад: Аммо бо кўшиши сахт ва ҳарбиёнаи совден ва аскарони револютсионии Россия онҳо аз доми амир халос карда шуданд (С.А.).
Тарзи фоилӣ ва мафъулии феъл. Тарзи феълӣ, категорияи грамматикӣ, муносибати дар феъл ифодаёфтаи байни фоил ва мафъули амалро ифода мекунад.
Тарзи фоилӣ. Тарзи фоилӣ вобаста ба шаклу маънои феълҳо ҳаминро мефаҳмонад, ки иҷрокунандаи амал худи мубтадо (субъект) мебошад: Дар яке аз қишлоқҳои калон ман бо калтакдорони сурх маҷлис гузаронидам (Ҳ.К.). Дар ин мисол мубтадои грамматикӣ (ман) ҳамзамон соҳиби амал таъсиру ҳолат (гузаронидам) мебошад. Тарзи фоилӣ аз рўйи маъно ва шакли ифодаи феъл, яъне вобаста ба хусусияти феълҳои гузаранда ду хел мешавад: тарзи фоилии бевосита ва тарзи фоилии бавосита. Тарзи фоилии бевосита нишон медиҳад, ки фоил (иҷрокунандаи амал) бевосита мубтадо шуда омадааст: Шарикон дар он маҷлис маблағи мазкурро сарф намуда, барои худ ва меҳмонони худ зиёфати миёнаҳолонае тартиб доданд (С.А.). Тарзи фоилии бавосита, ки аслан бо хусусияти феъли гузарандаи бавосита баробар аст, ба воситае иҷро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор