Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ҷудо кардани ҷумлаҳо, зикри тобишҳои маъноӣ, пайвандакҳо ва махсусан сараъзоҳо иборат аст. Меъёри фарқкунандаи онҳо пайдо кардани сараъзоҳост. Ҷумлаҳои содаи мустақили баробарҳуқуқро дар нақша бо аломати чоркунҷа () ишора намуда, алоқаи пайвасти байни ҷумлаҳоро бо аломати баробарӣ (=) нишон медиҳанд. Нақшаи =, == маънии аз ду ва се ҷумла иборат будани ҷумлаи мураккаби пайвастро мефаҳмонад: Аз ҳама пеш омада будам, дар мактаб ҳеҷ кас набуд (С.У.).
Таҳлили ҷумлаҳои мураккаби тобеъ. Дар чунин навъи таҳлил вазифаи аввалиндараҷа ҷумларо хонда, сохти онро муайян кардан аст.
Сипас сарҷумларо ва баъд ҷумлаи пайравро муайян мекунанд. Масалан, дар ҷумлаи: Манзарае, ки Меҳрмоҳ дида буд, дар ҳақиқат бимнок буд (С.А.) ҷумлаи пайрави (ки Меҳрмоҳ дида буд) исми таркиби сарҷумларо (манзарае) эзоҳ додааст, аз ин рў он ҷумлаи пайрави муайянкунанда мебошад.
Тарз, категорияи грамматикии феъл, ки муносибати ба фоилу мафъул (субъекту объект) доштаи амалро ифода мекунад.Хелҳои тарз ва воситаҳои грамматикии он дар забонҳо гуногунанд. Дар забони тоҷикӣ ду тарз – фоилӣ ва мафъулӣ вуҷуд дорад. Гузаранда ва монда будани феълҳои забони тоҷикӣ баифодаи тарз алоқаманд аст. Дар тарзи фоилӣ амале ифода мешавад, ки он ба объект (мафъул) равона шудааст: Сангин мактубро навишт. Тарзи мафъулӣ амалеро мефаҳмонад, ки объекти он мубтадои ҷумла аст: Меваҳо чида шуданд. Ин тарз бо феълҳои гузаранда ва феъли ёридиҳандаи шудан ифода меёбад. Шакли тарзи мафъулӣ объекти бевосита гирифта наметавонад. Субъекти амал одатан ҳамчун пуркунандаи бавосита меояд: Мактуб аз тарафи Сангин навишта шуда буд. Феъли ёридиҳандаи шудан воситаи грамматикии ин тарз мебошад.
Феълҳои ёридиҳандаи кардан ё намудан тарзи фоилиро мефаҳмонанд:
иҷро кардан, иҷро намудан; феълҳои ёридиҳандаи шудан, гаштан, ёфтан ифодагари тарзи мафъулии феъланд: иҷро шудан, бартараф гардидан, қабул ёфтан. Тарзҳои феъл ба синтаксис ва таркибҳои фаъолу нофаъоли ҷумла робитаи қавӣ доранд.

пешина
аз 389
навбатӣ