Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

аломатҳои зерин муайян карда мешаванд: исми шахс ё ғайришахс, хосу ҷинс, моддию ғайри моддӣ, танҳо ё ҷамъ, муайян ё номуайян, сода, сохта, мураккаб ё таркибӣ. Дар сифатҳо аслию нисбӣ будан; агар аслӣ бошад, дараҷаи одӣ, қиёсӣ ё олӣ доштан, агар нисбӣ бошад, ба кадом аломату хусусият молик будани он (ба шахс, предмет, замон, макон, мансубият ва м.и.).
Таҳлили луғавӣ (лексикӣ). Муайян намудани маънои калимаю доираи истеъмоли он, муносибати калима бо категорияҳои дигари луғавӣ, обуранги бадеии калима, сайри таърихии он аҳамияти назариявию амалӣ дорад. Дар таҳлили луғавӣ танҳо вожаҳои маънои муайяни луғавидошта таҳлил карда мешаванд. Ба гурўҳи калимаҳои маънои луғавӣ дошта аз ҳиссаҳои нутқ: исм, сифат, шумора, ҷонишин, феъл ва зарф шомиланд.
Дар таҳлили луғавӣ вожаҳо аз рўи чунин вижагиҳояшон таҳлил карда мешаванд: 1. Маъно. Масалан, вожаи об дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ»
чунин маънидод карда шудааст: Об моеъи шаффофи беранг, ки ҳолати софӣ аз омезиши кимиёвии ҳидроген ва оксиген иборат аст. 2. Дараҷаи истеъмоли калима. Вожаи об дар забони тоҷикӣ серистеъмол ва оммафаҳм аст. 3. Муносибати калима бо категорияҳои дигари луғавӣ: а) вожаи об сермаъност: об гирифтан (амал); об гирифтан (сабзидан); об додан (ба касе; чизеро об додан); об гарм кардан (хўрок – таоми ночизе пухтан); ба даст об рехтан – шустан; б) антоним дорад ё не. Антоними вожаи об оташ аст:
Акси он лабҳои майгун дар шароб афтодааст, Ҳайрате дорам, ки чун оташ дар об афтодааст (Ҳилолӣ).
в) омонимии калимаи об номи дарёи Об аст; г) муродиф (ҳаммаъно) надорад; д) дар сохтани воҳидҳои фразеологӣ зиёд истифода мешавад: ба даҳон об гирифтан (хомўш истодан); гапи касеро об додан (ҳамфикр будан), об шудан (таркиби фразеологӣ) ба маънои мафтун шудан. 4. Аз ҷиҳати обуранги бадеӣ мўътадилмаъност.
Таҳлили ҷумлаҳои мураккаб. Ҷумлаҳои мураккаб қолаби нисбатан мукаммал ва пурраи фикранд.Таҳлили ҷумлаҳои мураккаби пайваст аз

пешина
аз 389
навбатӣ