Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

ба амал омада, бо маънӣ алоқаи зич дорад. Риояи он бо низоми муайян барои тамоми аҳли забон амри воҷиб аст. 2. Вазифа дуюми танфис ҷудо ва фарқ кардани намуди калима ё синтагма аз рўи маънӣ ва хосияти эҳсосист. Дар ин вазифа байни калима ва синтагмаҳое воқеъ мегардад, ки маънан хилофи якдигаранд ё ба таври чида сурат мегиранд. Таваққуф дар талаффузи чунин воҳидҳои нутқ оҳанги махсусеро ба вуҷуд оварда, таъсири оҳанги суханро яке бар чанд меафзояд. Дар назм ин ду ҳолатро баъзан бо роҳи тақсими синтагмаҳо ба зинаҳои алоҳида менависанд:
Зи ҷабру зулми Искандар,
Зи хунхории Чингизхон,
Аз он савдогарони шаҳр – қаллобону ҳаннотон…, Зи дасти сарнавишти хеш – аз тақдири пешона Паноҳ овардӣ дар кўҳсор, эй марди кўҳистон (Л.Ш.).
Танфис ду навъ аст: ҳатмӣ ва имконпазир. Танфиси ҳатмӣ аз зарурати ташкили фонетикии воҳидҳои нисбатан мустақил: синтагма, фраза, бандҳо пайдо шуда, ду вазифаи ба ҳам алоқамандро адо мекунад:
а) ҷараёни нутқро ба порчаҳои нисбатан мустақил ҷудо мекунад; б) ин порчаҳоро бо ҳам алоқаманд мекунад. Масалан, дар ҷумлаи мураккаби тобеъ танфиси байни сарҷумла ва ҷумлаи пайрав нисбат ба танфиси байни ду ҷумлаи мустақил кўтоҳтар аст: Агар ту намеомадӣ, ман мерафтам.
Танфиси имконпазир алоқамандона бо сабабҳои гуногун: лаҳзаи нутқ, сабку ифодаи тобишҳои гуногуни маъно падид меояд.
Таҳлил. Ба ҷузъҳо ҷудо кардани воҳидҳои томи забонӣ, ки аз унсурҳои ҷудогона иборатанд. Таҳлили калимасозӣ. Аз назари низоми калимасозии ҳозира муайян кардани сохти калима (сода, сохта, мураккаб, таркибӣ). Ҷудо кардани асосҳои сода ва сохтаи калима, яъне нишон додани пешванд, пасванд, миёнванд, реша, асос, тарзи сохта шудани калима (хусусан таркиби морфологии калимаҳои мураккаб). Таҳлили морфологӣ: мансубияти ин ё он калима ба ҳиссаҳои нутқ, хусусиятҳои морфологӣ ва шакли грамматикии калимаҳо. Масалан, дар исмҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор