Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Саҳл (дар хашм). Гиред ўро!
Рўдакӣ (бо дард). Чашмони сарамро рабуданд, худоё, чашми диламро боз кун! Моҳияти фонетикии танин дар он аст, ки вай барои фарқ кардани овозҳои алоҳидаи нутқ истифода мешавад. Аз нигоҳи оҳанг танин хоси нутқи эмотсионалист. Дар ин маврид танин яке аз воситаҳои муҳими фарқ кардани оҳанги эҳсосотӣ аз оҳанги мухобиротӣ мебошад.
Танофури ҳуруф «Танофур» дар луғат «аз якдигар дурӣ ҷустан, нафрат кардан» ва истилоҳи «танофури ҳуруф» дар илми адабиётшиносӣ «овардани чанд овозе, ки махраҷи онҳо ба якдигар наздик буда, талаффузашон душвор аст ва ба гўш сахт мерасад» тафсир шудааст. Ғараз аз танофури ҳуруф аслан ҳамнишинии овозҳоест, ки ба душворӣ талаффуз мегарданд. Чунин калимаҳо дар байни истилоҳоти илмӣ, ки дар заминаи калимасозии забон ба вуҷуд омадаанд ё аз забонҳои дигар иқтибос шудаанд, гоҳе дар байни луғатҳои аз истеъмол баромада ба назар мерасанд: жароғанг (регистон), жожхор (беҳудагўӣ), фархоҷ (зишт).
Калимаҳои душворталаффуз одатан камистеъмол шуда, аз байн мераванд, ё ба тағйироти овозӣ дучор шуда осонталаффуз шудаанд: китф-кифт, қуфл-қулф. Бештарини топонимҳо низ калимаҳои қадимаанд ё аз забонҳои дигар иқтибос шудаанд, ё дар шакли аслӣ, ки талаффузашон мушкил аст, мондаанд, ё ба тағйиротҳои овозӣ дучор шуда, осонталаффуз шудаанд: Даҳанакиик, Тутқавул.
Танфис (вақфа) - фосилае, ки дар ҷараёни нутқ ба амал меояд. Дар услубшиносӣ ду вазифаи танфис ҷолиби таваҷҷўҳ аст. 1. Вай воситаест, ки нутқро ба воҳидҳои оҳангию маънои синтагма ва ифода (ҷумла ва бандҳо) ҷудо ва алоқаи маъноии онҳоро таъмин менамояд. Масалан, дар талаффузи ҷумлаи поён нафақат дар байни сарҷумла ва ҷумлаи пайрав, балки миёни аъзои ҳар ҷумлаи сода низ таваққуфи муайяне ба амал меояд:
дашти ҳамвори бедолу дарахти канорҳои дарёи Аму//манзараи як биёбони мурдаро мемонд//, фақат боди афғонӣ, ки аз тарафи ҷануб ғуррос зада мевазид,// ин биёбони беҷоро//ба ҳаракати ҷонканона оварда буд (С.А.).
Танфис ҳамеша аз зарурати нафасгирӣ ва нафасбарорӣ дар ҷараёни нутқ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор