Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

сифати воҳидҳои маънодори забон – морфема,калима ва ҷумла истифода шудани онҳо воқеъ мегардад. Масалан, ба туфайли он, ки садонокҳои тоҷикии а, у, о, и ба сифати морфемаҳо (даста, китобу, дафтар, даво, дав, гули сурх) истифода мешаванд, мо ба воситаи маъно ва марзи ин морфемаҳо онҳоро аз фонемаҳои (морфемаҳои) дигар ҷудо мекунем: даста, китоб-у, дав-о-дав, гул-и. Ҳангоми ҷудо кардани ҳамсадоҳо низ ба мо сарҳади морфологӣ ёрӣ мерасонад. Ҳамин тариқ, тақтеи фонетикӣ бо роҳи морфологӣ ҳал мешавад ва натиҷаи таҷзияи морфологӣ мебошад.
Таҷзияи морфологии калима. Ҷудо кардани морфемаҳои калима,ки вай аз онҳо сохта шудааст. Масалан, ҷудо ё муайян кардани бандак, асос, пешванду пасванд ва решаи калима.
Таҷзияи шаклии ҷумла. Ба унсурҳои грамматикӣ таҷзия кардани калимаҳои таркиби ҷумла. Дар ин маврид танҳо ба мубтадо (субъект) ва хабар (предикат) ҷудо кардани ҷузъҳо дар назар дошта мешавад.
Танин - яке аз тобишҳои овозист, ки нутқро ягон навъ ҷилои эҳсосию муассирӣ мебахшад. Ин унсури оҳанг дар адабиёти бадеӣ барои зуҳури ҳолати рўҳии персонажҳо – намоён сохтани хурсандӣ, ғаму ғусса, таънаву маломат, таҳдид, шўру ғавғо, таҳсин, нафрат, шавқ ва амсоли инҳо истифода мешавад. Нависандагон тавассути таъкид вазъи персонажҳоро ҳангоми сухан ёдрас мешаванд. Сотим Улуғзода дар намоишномаи «Қисмати шоир» барои он ки ҳолати рўҳии персонажҳои худро дар шароити мухталиф тибқи пиндори худ ҳаққонӣ ба ҷилва орад, пас аз тасвири гуфтор ё амалиёти онҳо воситаҳои таъкидиеро аз қабили калимаю таркибҳои таҳдидомез, бо киноя, хушҳолона, саросема, ҳаросона, дар ҳайрат, нохушнуд, бо тавозуъ, таънаомез, бо алам қариб фарёд зада, ноилоҷ, хандида ва ғайра ба кор бурдааст. Инак намунае:
Рўдакӣ: Мехоҳи ҳаёти маро аз ман бигирӣ? (хандаи боистеҳзо). Дер мондӣ. Саҳл ғафлат кардӣ! Ҳаёти ман кайҳо ба ашъорам, ба китобҳоям рафтааст, ту аз ман чӣ мегирӣ? Ҳаёти шоир, қисмати шоирро подшоҳон ҳам наметавонанд ба ҳукми худ тобеъ кунанд, то ба монанди ту ҷаллоди хунолуда чӣ расад!

пешина
аз 389
навбатӣ