Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

имконият ба вуҷуд овардааст, ки калимаҳо дар натиҷаи такрори садои якнавохт оҳанги гўшнавозу тарабангези мусиқӣ касб намоянд:
Дилу ҷонро фидо кард ў:
Барои чашми ҷодўйе,
Ба зулфони суманбўйе,
Ба холу хатти ҳиндуйе.
Такрори услубӣ. Такрори айни як калима ё иборае,ки дар ифодаи тобишҳои маъноии сухани гўянда чун воситаи муассири услубӣ хизмат мекунад: Инак, бикаи калонӣ, ки аз ҳама болотар нишастааст… дар дил мегўяд, ки ин ҳама сару корро вай кардааст, на каси дигар! Бо иродаи вай одамҳо механданд, бо иродаи вай созандаҳо бозӣ мекунанд, бо иродаи вай Оймулло месарояд, саломнома мехонад (Ҷ.И.).
Таҷзияи актуалии ҷумла. Ба ҷузъҳои асосӣ ҷудо кардани ҷумла. Дар таҷзияи актуалӣ таҳлили мушаххаси мазмуни ҷумла дар назар дошта мешавад. Асосгузори ин назария забоншиноси чех В.Матезиус таҷзияи актуалии ҷумларо чунин маънидод кардааст: «Таҷзияи актуалии ҷумла хилофи таҷзияи шаклист. Агар таҷзияи шаклӣ таркиби ҷумларо ба унсурҳои грамматикӣ ҷудо кунад, таҷзияи актуалӣ тарзи ба матни реалӣ
– предметӣ дохил шудани ҷумларо муайян мекунад. Унсурҳои нахустин ва асосии таҷзияи шакли ҷумла субъект ва предикати грамматикӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, таҷзияи актуалии ҷумла ба вуҷуд омадани ифодаи маълуму равшан, аз ифодаи маълум ба номаълум гузаштани фикрро ба эътибор мегирад. Ифодаи маълум, одатан, дар қисми аввали ҷумла оварда шавад, ифодаи номаълум (нав) дар қисми дуюми ҷумла оварда мешавад.
Таҷзияи ҷараёни нутқ. Мутолиаи озмоишгоҳию лингвистии ҷараёни нутқ нишон медиҳад, ки нутқи овозиро аз нуқтаи назари акустикӣ ва аз рўи вазъият ва кори узвҳои нутқ таҷзия кардан мумкин нест. Ҳангоми ҷудо кардани овозҳо мо бо воҳидҳое сару корд орем, ки аз маъно маҳруманд. Бо вуҷуди ин овозҳо ҳам аз ҳамдигар маҳз ба воситаи маъно ва марзи морфологӣ ҷудо мешаванд, зеро овозҳо қобилияти ба маъно алоқаманд шудан доранд. Чунин алоқамандии овозҳо дар мавридҳои ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор