Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

оҳиста қадам мондан, бад-бад нигоҳ кардан; такрори нидоҳо: оҳ-оҳ, войвой, бай-бай.
Такрори овозҳо. Дар адабиёти бадеӣ барои тақвияти ҷанбаи муассирии савтиёти нутқ усулҳои гуногун истифода мешавад. Шоиру нависандагон тавассути интихоб ва корбасти калимаҳое, ки айни як овоз ё овозҳои ҳамҷинс, ҳатто чанд овози ҳамранг дар онҳо такрор меёбад, кўшиш мекунанд монанди овозии луғавиро таъмин намоянд. Дар назм такрори овозҳо дар бисёр маврид чун воситаи барҷастаи услубӣ воқеъ мегардад.
Такрори ҳамсадоҳо, ки дар забоншиносии умумӣ онро аллитератония меноманд, яке аз навъҳои услубии овозҳо буда, тавассути такрори ҳамсадои якхела дар чанд калимаи матни муайяни манзуму мансур сурат мегирад. Масалан, дар байти зерини Ҳофизи шерозӣ дар мисраи дуюми он се калима: кай, кӣ, кунӣ пай дар пай бо ҳамсадои /к/ ибтидо гирифтааст: Такрори ин овоз бо калимаҳои мазкур гўшнавозӣ ва тарабангезии мисраъро афзуда, имконияте тавлид намудааст, ки он якҷо бо санъати суол ба хонанда ҳаяҷони хоси бадеӣ бахшад:
Корвон рафту ту дар хобу биёбон дар пеш, Кай равӣ? Раҳ зи кӣ пурсӣ. Чӣ кунӣ? Чун бошӣ?
Дар мисраи дуюми байти поён, ки аз шеъри «Тара-чандри»-и Мирзо Турсунзода аст, чаҳор калима бо ҳамсадои “с” сар мешавад. Шоир ба ин васила сифатҳои алоҳидаи персонажро махсус таъкид намуда, оҳанги байт ва қувваи таъсиргузории калимаҳои таъкидшавандаи дохили онро ба дараҷот афзудааст:
Ту, эй фарзанди маҳбуби диёру кишвари бебахт, Сияҳчашму сияҳабрў, сияҳмў, духтари сарахт.
Такрори садонокҳоро чун падидаи услубӣ дар забоншиносии умумӣ ассонанс мегўянд. Такрори садонокҳо низ бо нияти махсуси услубӣтаъмини хушоҳангӣ ва мусиқияти сухан ва тақвияти ҷанбаи эҳсосии он ба вуқўъ меояд. Чунончи, истифодаи садоноки э дар байти поён чунин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор