Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Т
Табу (аз забони полинезӣ), калима, ифода ё ибораҳое, ки гуфтанашон манъ аст ва ё дар заминаи таъсири хурофот, урфу одатҳои динӣ маҳдуд карда шудааст. Падидаи табу бо вазифаи таъсиррасонии забон ба олами гирду атроф иртиботи қавӣ дорад. Ин падида бештар хоси забони халқҳое мебошад, ки тамаддуни антиқа доранд (Африқо, Австралия, Океания, мардумони Шимол). Табу махсусан ба номи инсон, ки гуфтанаш барои атрофиён ва бегонагон манъ аст, аз ҷумла номи фавтидагон номҳои худоҳо хос аст.
Тавтология (юн. tauto – айни ҳамон ва logos – калима). 1. Такрори чизи гуфташуда бо калима ё ибораи дигар, ки маънои наве илова намекунад: Сухани муаллиф – нутқи нависанда, бори накав – ин бори барзиёд. 2. Такрори калимаҳои ҳамрешаю ҳаммаъно дар ҷумла: ба қатори камбудиҳо норасоиҳои зеринро номбар кардан мумкин.
Тавтология дар мантиқ, як навъ иштибоҳеро гўянд, ки як маънӣ бо чанд калимаи ҳаммаъно ифода мешавад. Масалан: «Одами диндор шахсест, ки эътиқоди динӣ дорад». Ин қабил иштибоҳ дар забони гуфтугўӣ (ба мисли «гўшти лаҳм», «равғани равғанин» бисёр мушоҳида мешавад.) Такрор. Такрори пурра ё ҷузъии калимаи решагӣ ё сохта, ё ягон ҷузъи он, ки ҳамчун воситаи калимасоз ё шаклсоз, ё ҳамчун воҳиди фразеологӣ истифода мешавад: кам-кам, андак-андак, базўр-базўр, рў ба рў, дам ба дам, рўз аз рўз, худи худаш, калони калон. Такрор инчунин воситаи аз як ҳиссаи нутқ ба ҳисаи дигари нутқ гузаштани калимаҳои ҷудогона мебошад. Исмшавии ҷонишин (манманӣ) ё феъл: омад-омадат гардам, қадду қоматат гардам (фолклор); таъкиди аломатҳои предметҳо:
харбузаҳои калон-калон. Дар ифодаи таъкид такрор шудани як ҷузъи сифатҳои аслӣ, ки ба дараҷаи олӣ баробар аст: мўйи сип-сиёҳ, куртаи супсурх, харбузаи заб-зард. Шумора дар шакли такрор ба зарф мегузарад: Як ба як омўхтан, ду ба ду истодан; ба маънои давомнокии ҳолат омадани феъли ҳол: нишаста-нишаста баромада рафтан; такрори зарфҳо: оҳиста-

пешина
аз 389
навбатӣ