Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Сухан бифганад минбару дорро,
Зи сўрох берун кашад морро.
Кўҳнатарин осори суханварӣ дар мағрибзамин ба Юнони бостонӣ ба қарни панҷуми қабл аз милод иртибот дорад. Мулки машриқзамин низ дар тўли таърих суханварони забардастеро ба майдон оварда, машҳури олам гардонид. Суханварӣ дар Шарқ бо ислом пайванди ногусастанӣ дошта, бо номҳои хатиб, қиссахон, ровӣ ва амсоли он дар ин ҷомеа зуҳур кардаанд.
Сухансанҷии тақобулӣ, маонии байнитақобулӣ, сухансанҷии муқобилаӣ. Мутолиаи шабоҳатҳо ва тафовутҳои байни нависандагӣ ба забони аввал ва забони дувум ё байни ду забон баманзури пай бурдан ба мизони таъсири қарордодҳои нависандагии як забон ба нависандагии фард дар забони дигар. Тасаввур барин аст, ки нависандагӣ ба забони дувум то ҳудуде таҳти таъсири қарордодҳои забонӣ ва фарҳангии забони аввали нависанда қарор мегирад. Ва ин амр метавонад бар чигунагии созмондиҳии каломи мактуб навъи тарҳ ё матн, ки нависанда бакор мегирад ва низ омилҳои нозири мавзўъ, мухотаб, созмондиҳии банд ва гузиниши вожагон ё сиёқи сухан таъсир бигзорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор